Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва қаннодиро ифтитоҳ карданд

Декабрь 24, 2020 11:27

ДУШАНБЕ, 24.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. 24 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордию қаннодиро мавриди истифода қарор доданд.

Корхона дар доираи татбиқи амалии ҳадафҳои асосии стратегии кишвар — саноатикунонии босуръати мамлакат дар масоҳати 0,32 гектар аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Ёқуб Шарафов бунёд гардидааст.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар корхона таҷҳизоти истеҳсолӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас ва васлу насб гардидааст.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳ 35 нафар сокини пойтахт соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардиданд.

Дар корхонаи нави саноатӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе асосан 4 навъи макарон омода мешавад ва дастгоҳу таҷҳизот имкон дорад, ки рӯзона то 4 тонна маҳсулот истеҳсол намояд.

Иқтидори солонаи корхона 2100 тонна маҳсулоти макарониро ташкил медиҳад.

Дар ҷараёни истеҳсолот, маҳсулоти табиӣ ва барои саломатии инсон безарар истифода мегардад.

Зимни шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои корхона Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми неки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва соҳибкорони бонангу номуси кишвар ҷиҳати дастгирии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати саноатикунонии мамлакат баҳои баланд доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи коргарони корхонаро ба истеҳсоли маводи рақобатпазир ва таъмини бозорҳо бо маҳсулоти хушсифати истеъмолӣ ҳидоят карданд.

Таъсиси корхона агар аз як ҷиҳат ба истеҳсоли маводи ивазкунандаи воридот мусоидат намояд, аз ҷониби дигар ба ташкили даҳҳо ҷойи корӣ боис мегардад, ки ин дар навбати худ аз ҳадафҳои неки роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар бобати беҳдошти сатҳи зиндагии мардум мебошад.

Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордию қаннодӣ дар Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе бунёд гардидааст ва эълони саноатикунонии босуръат ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ — тадбири муассир дар самти бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ маҳсуб меёбад.

Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе аз ҷумлаи тарҳҳои дорои аҳаммияти муҳим дар самти бештар намудани истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба шумор меравад. Он бо дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи сазовор аз таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, ҷараёни корҳои созандагӣ зери назорати пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки санги асос барои бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе 20 сентябри соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гузошта шуда буд.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани нишондодҳо дар ин самт, дар кӯчаи Зебуннисои ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бунёди як қатор корхонаҳои истеҳсолӣ идома дорад. Дар ин замина, шумораи зиёди сокинони пойтахт бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, ин раванд дар беҳбудии сатҳи зиндагии онҳо таъсири мусбӣ хоҳад дошт.

Бояд гуфт, ки авҷи корҳои бунёдӣ ба хотири мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхонаҳои тавлидотӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе тадбири муассир дар самти татбиқи амалии нишондодҳои ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар маҳсуб меёбад.

Таъсиси чунин минтақаҳо намунаи барҷастаи ҳамкории судманди давлат бо бахши хусусӣ ва дастгирии соҳибкории хурд ва миёна арзёбӣ мебошад.

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва қаннодӣ дар шаҳри Душанбе 24.12.2020

Декабрь 24, 2020 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши навбатии Шурои амнияти дастҷамъии СААД ба шаҳри Остона сафар намуданд
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, картошка ва анор дар вилояти Суғд иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд