Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ду бинои баландошёнаи истиқоматиро барои кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Декабрь 11, 2020 11:48

ДУШАНБЕ, 11.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 11 декабри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Саъдии Шерозии ноҳияи Синои пойтахт ду бинои баландошёнаи истиқоматиро барои кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Биноҳои истиқоматӣ бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, аз 12 ошёна ва 124 хонаи барҳавои як ва дуҳуҷрагӣ иборат мебошад.

Ҳамчунин иншооти нав бо шабакаи гармидиҳӣ таъмин буда, ҳар як қисми он бо ду адад лифти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Биноҳо дар давоми се сол бо ҷалби мутахассисони баландихтисоси маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои шаҳрсозӣ бунёд гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити биноҳои нав, ба кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон калиди хонаҳои истиқоматиро тақдим карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 120 оилаи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ки дар ин ду бинои баландошёна соҳиби хонаҳои нави истиқоматӣ гардиданд, яхдон, телевизор, мошини ҷомашӯӣ ва дигар ҷиҳози зарурии рӯзгор тақдим намуданд.

Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кормандони мақомоти қудратӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва сохторҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити арзандаи кору зиндагӣ фароҳам оварда шудааст, ки таъмин намудани онҳо бо манзилҳои нави истиқоматӣ аз ғамхории ҳамешагии роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат дар ин самт мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо кормандон онҳоро ба хизмати содиқона ба нафъи давлату миллат ва таъмини амнияти ҷомеа ҳидоят намуданд.

Дар навбати худ кормандони соҳа ба Президенти мамлакат барои дастгириҳои пайваста арзи сипосу миннатдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки чунин қадршиносӣ онҳоро дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ беш аз ҳар вақти дигар масъулиятшинос хоҳад кард.

Саҳни биноҳои нави истиқоматӣ бо завқи баланди зебоипарастӣ оро ёфта, майдонча барои бозиву дилхушии кӯдакон ва нишастгоҳҳои замонавӣ бунёд карда шудааст.

Дар ин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди боз як бинои нави истиқоматии 16-ошёна санги асос гузошта, ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшиданд.

Тибқи лоиҳа шумораи умумии хонаҳо дар бинои мазкур 128 ададро ташкил дода, дар ҳавлии он бунёди майдонча барои бозии кӯдакон пешбинӣ гардидааст.

Сарвари давлат барои бо тарҳи замонавӣ ва ҷавбгӯи талаботи меъморию шаҳрсозӣ бунёд кардани иншооти мазкур ба меъморону сохтмончиён дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ба истифода додани ду бинои баландошёнаи истиқоматӣ барои кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 11.12.2020

Декабрь 11, 2020 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи мусиқии №3 ба номи Абдуфаттоҳ Одинаев»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти томактабии «Гулистон»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе «Кӯдакистони байналмилалии инноватсионии Басбӣ»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ватанпарварро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия Нуман Куртулмушро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Анура Кумара Диссанаяке барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Шоҳигарии Тайиланд Маҳа Вачиралонгкорн (Рама X) барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия Прабово Субианто барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишвар машварати корӣ доир намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд