ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Рӯшон бинои Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ба истифода дода шуд
ХОРУҒ, 21.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни сафари корӣ ба ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз вазъи корҳои сохтмонӣ дар иншооти ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёдшаванда боздид ба амал оварда, дар маросими ба истифода додани бинои нави бинои Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия иштирок намуд.
Тавре мухбири минтақавии АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, бинои мазкур аз ҷумлаи он иншоотест, ки дар остонаи 30-юмин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Бино аз ду ошёна ва 12 утоқи корӣ, ошхона ва меҳмонхонаи хурд иборат аст. Муаллифони тарҳи мазкур кӯшиш кардаанд, ки дар сохтмони он аз нақшу нигори миллӣ бештар истифода баранд.
Қаблан роҳсозони ноҳия дар як бинои кӯҳна, ки охири солҳои шастум бунёд ёфта буд, фаъолият доштанд. Ба гуфтаи роҳсозон, азбаски бино бо усули ҳашар сохта шуда буд, дар фасли зимистон ба воситаи дару девор ва тирезаи он шамол шабу рӯз вориди утоқҳои корӣ мешуд ва коргарон дар як ҳолати ногувор қарор мегирифтанд.
Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ дар мулоқот бо кормандони муассисаи мазкур изҳор дошт, ки “нақши роҳсозон дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи на танҳо вилоят, балки тамоми ҷумҳурӣ муассир аст. Зеро дар шароити кӯҳистон, ки дар чаҳор фасли сол эҳтимоли рух додани ҳар гуна офатҳои табиӣ, аз ҷумла селу тарма, сангчарху лағзиши хок вуҷуд дорад, шабу рӯз кушода нигоҳ доштани роҳи мошингард кори осон нест. Бинобар ин Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои роҳсозони манотиқи кӯҳистон тамоми тадбирҳоро меандешад”.
-Ҳоло дар ҳудуди вилоят сохтмони 17 пули мошингузар идома дошта, рӯзҳои наздик дар болои рӯдхонаи водии Бартанги ноҳияи Рӯшон бунёди пули муосир оғоз меёбад.
Баҳори соли оянда таъмиру навсозии роҳи мошингарди Хоруғ-Ҷелондеҳ бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ, ки бар асари сели деҳаи деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон тахриб гашта буд, дар назар аст,-гуфт Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ.
Роҳсозон барои чунин ғамхорӣ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ миннатдорӣ баён намуда, изҳор доштанд, ки сарфи назар аз сардии ҳаво ва бориш роҳи байналмилалии Кӯлоб-Қалъаихум-Хоруғ-Мурғоб-Кулмаро дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ медоранд.
Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ зимни сафари корӣ аз аҳволи тарбиягирандагони Литсеи касбӣ барои маъюбон, қишри осебпазири ҷомеа ва собиқадорон хабар гирифта, ба онҳо кумакҳои молию моддӣ ва туҳфаҳои солинавии Пешвои миллатро тақдим намуд.








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд






