ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Рӯшон бинои Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ба истифода дода шуд

Декабрь 21, 2020 15:30

ХОРУҒ, 21.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни сафари корӣ ба ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз вазъи корҳои сохтмонӣ дар иншооти ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти  давлатӣ бунёдшаванда боздид ба амал оварда, дар маросими ба истифода додани бинои нави бинои Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия иштирок намуд.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, бинои  мазкур аз ҷумлаи он иншоотест, ки дар остонаи 30-юмин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.  Бино аз ду ошёна ва 12 утоқи корӣ, ошхона ва меҳмонхонаи хурд иборат аст. Муаллифони тарҳи мазкур кӯшиш кардаанд, ки дар сохтмони он аз нақшу нигори миллӣ бештар истифода баранд.

Қаблан роҳсозони ноҳия дар як бинои кӯҳна, ки охири солҳои шастум бунёд ёфта буд, фаъолият доштанд. Ба гуфтаи роҳсозон, азбаски бино бо усули ҳашар сохта шуда буд, дар фасли зимистон ба воситаи дару девор ва тирезаи он шамол шабу рӯз вориди утоқҳои корӣ мешуд ва коргарон дар як ҳолати ногувор қарор мегирифтанд.

Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ дар мулоқот бо кормандони муассисаи мазкур изҳор дошт, ки “нақши роҳсозон дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи на танҳо вилоят, балки тамоми ҷумҳурӣ муассир аст. Зеро дар шароити кӯҳистон, ки дар чаҳор фасли сол эҳтимоли рух додани ҳар гуна офатҳои табиӣ, аз ҷумла селу тарма, сангчарху лағзиши хок вуҷуд дорад, шабу рӯз кушода нигоҳ доштани роҳи мошингард кори осон нест. Бинобар ин Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои роҳсозони манотиқи кӯҳистон тамоми тадбирҳоро меандешад”.

-Ҳоло  дар ҳудуди вилоят сохтмони 17 пули мошингузар идома дошта,  рӯзҳои наздик дар болои рӯдхонаи водии Бартанги ноҳияи Рӯшон бунёди пули муосир оғоз меёбад.

Баҳори соли оянда таъмиру навсозии роҳи мошингарди Хоруғ-Ҷелондеҳ бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ, ки бар асари сели деҳаи деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон тахриб гашта буд, дар назар аст,-гуфт Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ.

Роҳсозон барои чунин ғамхорӣ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ миннатдорӣ баён намуда, изҳор доштанд, ки сарфи назар аз сардии ҳаво ва бориш роҳи байналмилалии Кӯлоб-Қалъаихум-Хоруғ-Мурғоб-Кулмаро дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ медоранд.

Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ зимни сафари корӣ аз аҳволи тарбиягирандагони Литсеи касбӣ барои маъюбон, қишри осебпазири ҷомеа ва собиқадорон хабар гирифта, ба онҳо кумакҳои молию моддӣ ва туҳфаҳои солинавии Пешвои миллатро тақдим намуд.

Декабрь 21, 2020 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минск мусобиқаи футбол ба муносибати ҷашни Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Давҳа 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Чаро дар Литсейи касбии техникии ноҳияи Файзобод заминҳои хоҷагии ёрирасон самаранок истифода намешаванд?
Дар қитъаҳои муайяни роҳи байналмилалии Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Кулма биноҳои маъмурӣ ва озмоишгоҳ сохта мешаванд
Бахшида ба Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Машҳади Эрон нишасти илмиву адабӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рашт иншооти соҳаи маориф ба истифода дода шуданд
Дар Панҷакент Боғи Абулқосим Фирдавсӣ сохта мешавад
Дар маҳаллаи Шарифободи шаҳри Хоруғ ҳавзҳои обсофкунӣ сохта шуданд
Корҳои лоиҳакашии бунёди пули бузурги 920-метрӣ аз болои обанбори «Роғун» ба анҷом расида, он дар муддати ду – дуюним сол сохта мешавад
Дар Ҷамоати шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов бинои истиқоматии бисёрошёна сохта мешавад
Дар деҳаи Себзори ноҳияи Шаҳристон Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд
«БА ВАТАН ШАРАФМАРДОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Душанбе ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ бо ҷалби ҷавонони синни даъватӣ баргузор гардид