Ҳашт нафар собиқадорони ҷанг аз Президенти Россия Владимир Путин номаи шодбошӣ гирифтанд

Декабрь 7, 2020 09:39

ДУШАНБЕ, 07.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳашт нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар арафаи Рӯзи оғози ҳуҷуми ҷавобии ҳамлаи муқовимати неруҳои шӯравӣ бар зидди истилогарони фашистӣ дар набарди назди Москва барои корнамоиҳояшон дар роҳи ҳаёти наслҳои оянда ва аз номи Президенти Россия Владимир Путин номаи шодбошӣ ва туҳфаҳои пулӣ гирифтанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов собиқадорони ҷанги Бузурги Ватанӣ ва меҳнаткашони фронт аз Тоҷикистонро бо 75-умин солгарди Ғалабаи Бузург табрик намуда, ба онҳо дар вазъияти тантанавӣ лифофаҳои бо суроғаи фиристанда- «Москва. Кремл»-ро тақдим намуд.

Дипломати рус зикр кард, ки ин иқдоми пешазсолинавӣ ташаббуси шахсии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мебошад.

Сафири Россия ветеранҳоро табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ ва умри дароз орзу намуд. Зикр гардид, ки дар сарзамини меҳмоннавози Тоҷикистон хотираи қаҳрамонони ҷанги Бузурги Ватанӣ ба таври назаррас пос дошта мешавад, эстафетаи ин пос доштани хотираи бузурги корнамоии қаҳрамононаи падарон ва бобокалоно, ки Ғалаба ба даст овардаанд, ба насли наврас расонида мешавад.

Оҳангҳои солҳои ҷанг, шеърҳо дар бораи ҷанг ва муҳосираи  собиқадори ҷанги Бузурги Ватанӣ, нависанда ва рӯзноманигори маъруфи ҷумҳурӣ, собиқадори АМИТ «Ховар» Олег Соболев садо доданд.

Декабрь 7, 2020 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд