Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон 29 декабр доир мешавад
ДУШАНБЕ, 13.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи 19-уми Ассамблеяи генералии Кумитаро 29 декабр дар шаҳри Душанбе даъват кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттлооъ манъба, дар ҷаласаи Кумитаи иҷроия фаъолияти Кумита ва фаъолияти молиявӣ дар соли 2020, инчунин Нақшаи кори Кумита барои соли 2021 ва Оинномаи Кумита дар таҳрири нав баррасӣ ва барои тасдиқ ба Ассамблеяи генералӣ пешниҳод шуд.
Қайд гардид, ки соли 2021 барои Кумита ва федератсияҳои варзишӣ соли мушкил хоҳад буд, зеро ба ғайр аз Бозиҳои олимпии Токио, инчунин 6-ум Бозиҳои соҳилии Осиё дар Санйаи Чин, 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар Қонияи Туркия ва 3-юм Бозиҳои наврасони Осиё дар Шантоуи Чин ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин, барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио варзишгарони моро зарур аст, ки дар мусобиқаҳои интихобии олимпӣ ширкат намоянд.
Аъзои Кумитаи иҷроия санаи ҷаласаи 19-уми Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпиро 29 декабр тасдиқ карданд. Дар асоси рӯзномаи ҷаласа дар Ассамблеяи генералӣ ҳисоботи Кумита дар соли 2020, ҳисоботи комиссияи назорату тафтишот пешниҳод шуда, нақшаи кор ва нақшаи буҷети Кумита барои соли 2021, Оинномаи Кумита дар таҳрири нав, Қоидаҳои зидди допинги Кумита тасдиқ карда хоҳанд шуд.
Дар ҷаласа ба 12 нафар иштирокчии Барномаи «Идора намудани ташкилотҳои варзишии намуди олимпӣ», ки дар мавзӯъҳои варзиш корҳои илмӣ навиштанд, дипломи Кумитаи байналмилалии олимпӣ тақдим гардид.
АКС аз КМО Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






