Аз 5 то 8 декабр дар Тоҷикистон ҳаво сард мешавад
ДУШАНБЕ, 05.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии мамлакат, аз 5 то 8 декабр ҳаво сард мешавад. Дар водиҳо борон меборад, дар доманакӯҳҳо ва кӯҳҳо барф, дар баъзе минтақаҳо барф шадидтар меборад. Ҳарорати миёнаи рӯзонаи ҳаво дар водиҳо 5 дараҷа хоҳад буд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, барфи тар метавонад сабаби хароб шудани хатҳои интиқоли барқ, қисман шикастану афтидани дарахтон, инчунин хароб гаштани сутунҳои сустниҳоди рекламаҳо дар кӯчаҳо шавад.
Дар робита ба тағйири обо ҳаво ва сардиҳои чанд рӯзи ояндаву барфу боронҳо Кумита аз шаҳрвандони мамлакат хоҳиш мекунад, ки ҳангоми истифодаи асбоби гармидиҳандаи барқӣ қоидаҳои бехатарии сӯхтор ва бехатарии ҳаракат дар роҳҳоро риоя намоянд, хусусан ҳангоми истифода аз роҳҳо ва гузаргоҳҳои кӯҳӣ то ҳадди имкон ҳушёр бошанд.
Кумита дар ин рӯзҳо аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки ҳаракатро дар роҳҳои кӯҳӣ бе эҳтиёҷоти фаврӣ маҳдуд кунанд, аз корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд.








Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст






