Аз 5 то 8 декабр дар Тоҷикистон ҳаво сард мешавад

Декабрь 5, 2020 11:17

ДУШАНБЕ, 05.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии мамлакат, аз 5 то 8 декабр ҳаво сард мешавад. Дар водиҳо борон меборад, дар доманакӯҳҳо ва кӯҳҳо барф, дар баъзе минтақаҳо барф шадидтар меборад. Ҳарорати миёнаи рӯзонаи ҳаво дар водиҳо 5 дараҷа хоҳад буд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ доданд, барфи тар метавонад сабаби хароб шудани хатҳои интиқоли барқ, қисман шикастану афтидани дарахтон, инчунин хароб гаштани сутунҳои сустниҳоди рекламаҳо дар кӯчаҳо шавад.

Дар робита ба тағйири обо ҳаво ва сардиҳои чанд рӯзи ояндаву барфу боронҳо  Кумита аз шаҳрвандони мамлакат хоҳиш мекунад, ки ҳангоми истифодаи асбоби гармидиҳандаи барқӣ қоидаҳои бехатарии сӯхтор ва бехатарии ҳаракат дар роҳҳоро риоя намоянд, хусусан ҳангоми истифода аз роҳҳо ва гузаргоҳҳои кӯҳӣ то ҳадди имкон ҳушёр бошанд.

Кумита дар ин рӯзҳо аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки ҳаракатро дар роҳҳои кӯҳӣ бе  эҳтиёҷоти фаврӣ маҳдуд кунанд, аз корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд.

Декабрь 5, 2020 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд