АЗ НЕРУИ БАРҚ САРФАКОРОНА ИСТИФОДА МЕБАРЕМ! Бо ин мақсад дар Бӯстон 7 гурӯҳи тарғиботӣ таъсис дода шуд

Декабрь 12, 2020 10:21

ДУШАНБЕ,12.12.2020/АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ба аҳолӣ шарҳ додани  муҳтавои Муроҷиатномаи ширкати «Барқи Тоҷик» ва  мусоидат намудан ба таъмини саросарии нерӯи барқ, сарфакорона ва мақсаднок истифода бурдан аз ҳар киловатт – соати он дар заминаи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Бӯстон 7 гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

«Гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, аз ҷумла кормандони соҳаи идеологӣ, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, шабакаҳои барқӣ, нозирони минтақавии милитсия, кормандони хадамоти давлатии оташнишонӣ, раисони маҳаллаҳо ва фаъолон иборат мебошад»,-афзуд манбаъ.

Мавриди зикр аст, ки дирӯз таҳти  раёсати раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода машварати корӣ доир гардид. Роҳбари шаҳр нахуст оид ба рушди босуботи соҳаи энергетика ва марҳила ба марҳила расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат-истиқлолияти энергетикӣ зери роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуд.

Мавсуф иброз дошт, ки ҳанӯз моҳи июли соли равон ба сокинони мамлакат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиатнома вобаста ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба интиқоли саривақтии нерӯи барқ ва дарки дурусти моҳияти масъала пешниҳод гардида буд.
Баъдан роҳбари шаҳр вобаста ба пешниҳод гардидани Муроҷиатномаи Ширкати «Барқи Тоҷик» ба мардуми шарифи Тоҷикистон ибрози назар намуд.

Зикр гардид, ки дар сохторҳои энергетикии мамлакат тамоми корҳои оғозгардидаи таъмир ва тадбирҳои назоративу профилактикӣ ба анҷом расонида шуданд ва аз 10 декабри соли 2020 сар карда, интиқоли нерӯи барқ дар кишвар пурра ҷорӣ гардид.
Ба роҳбарони гурӯҳҳои корӣ дастур дода шуд то баҳри ба самъи аҳолӣ расонидани муҳтавои муроҷиатномаи мазкур ва истифодаи оқилонаву сарфакоронаи нерӯи барқ ҳамарӯза аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода баранд.

Баъдан сардори шуъбаи вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон генерал-майор Муҳаммадшоҳ Искандарзода вобаста ба иҷрои масъулиятнокии дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, аз ҳамагон даъват ба амал овард, то дар ин раванд бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ иҷрои вазифаҳои дар пешгузоштаро таъмин намоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар кори машварат муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон, мудирони шуъбаву бахшҳо ва роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, нозирони минтақавии милитсия, кормандони хадамоти давлатии оташнишонӣ, нозирони шабакаҳои барқӣ, раисони маҳаллаҳо ва фаъолон ширкат намуданд.

Декабрь 12, 2020 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

17 июл дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. Эҳдо ба рӯзи таъсисёбии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
16 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
15 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
14 июл дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад