АЗ ПАШША НАБОЯД ФИЛ СОХТ. Ва ё чӣ гуна «коршиносон»-и аз нозукиҳои бахши молия ва низоми бонкӣ бехабар дар такя ба суханони беасос хомаронӣ менамоянд

Декабрь 3, 2020 11:52

ДУШАНБЕ, 03.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. «Вақтҳои охир баъзе «коршиносон» дар робита ба қарзи хориҷии мамлакат «аз пашша фил сохта», бо андешаҳои подарҳаво мардумро гумроҳ намуданианд. Сафсатапарокании як идда аз он шурӯъ гардид, ки Вазири молияи мамлакат Файзиддин Қаҳҳорзода дар Парлумон «Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2022-2023-ро рӯнамоӣ кард», — чунин нигоштааст муовини сардабири нашрияи «Садои мардум» Далер Мерганов ба сомонаи АМИТ «Ховар», ки  матни онро дар зер манзури хонандагон мегардонем.

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода минҷумла гуфта буд, ки «Барномаи мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад», таҳия шудааст».

Дар шарҳи аҳдофи ин ҳуҷҷат зикр шуд, ки «истифодаи босамари маблағҳои ҷалбшуда, мониторинги мунтазами раванди ҷалби маблағҳои қарзӣ ва пешгирии ҳолатҳои ҷамъшавии беназорати қарзи берунаи давлатӣ» аз ҳамон ҷумлаанд. Чун «анъана» «коршиносон», ки мутаассифона, дарку фаҳмишашон «бо ду по мелангад», ба умқи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2022-2023 фурӯ нарафтанд ва шурӯъ шуд афсонапардозиву «пешгӯйӣ»… Аламовар аст, ки вақте чунин «коршиносон»-и аз нозукиҳои бахши молия ва низоми бонкӣ бехабар дар такя ба суханони беасос хомаронӣ менамоянд.

Шояд намедонанд, ки ин ду бахш дониши сатҳӣ, руҷӯи лирикӣ ва бадеиятро тақозо ва қабул надоранд. Шарти асосӣ огоҳии комил аз махсусияти бахши иқтисоду молия маҳсуб мешавад, ки мутаассифона, нафарони мавриди назар аз он бенасибанд. То 1 октябри соли 2020 ҳаҷми умумии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3,7 млрд. доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки он ба 43,3 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат баробар мебошад. Шоистаи таҳсин аст, ки роҳбарияти Вазорати молия тасмими ҷиддӣ доранд, ки минбаъд аз созмон ва ё кишварҳои хориҷӣ бештар маблағҳои грантӣ дарёфт кунанд. Ҳамон тавре, ки Вазири молия гуфт, «дар марҳилаи кунунӣ, ба истиснои созишномаҳои баимзорасида, ҷалби 562,0 млн. доллари амрикоии қарзии имтиёзнок дар назар аст. Барои татбиқи лоиҳаҳои зикршуда ҳаммаблағгузории грантӣ дар ҳаҷми 289,4 млн. доллари амрикоӣ низ пешбинӣ шудааст». Моҳҳои январ – сентябри имсол барои татбиқи лоиҳаҳои дорои афзалияти мамлакат ба имзо расидани 5 созишномаи нави қарзӣ ба маблағи 459,5 млн. доллари амрикоӣ далели он аст, ки масъулин дар ин самт корҳои зиёдро ба сомон расонидаанд.

Сабаби нигаронист, ки коршиносони мавриди назар дар бобати татбиқи бомуваффақияти 60 лоиҳаи муштараки сармоягузорӣ ва ба имзо расидани шумораи зиёди созишномаҳои қарзию грантӣ «ба даҳон об гирифтаанд». Барномаи тасдиқшуда 59 лоиҳаи қарзии амалкунанда ва 8 созишномаи қарзии дар сатҳи лоиҳавӣ қарордоштаро аз рӯи маблағи қарз, созмони маблағгузор, бахшҳои иқтисодиёт, лоиҳаҳои нави қарзии банақшагирифташуда ва маълумоти муқоисавӣ оид ба азхудкунии маблағҳои қарзии амалкунанда ва нақшавиро барои давраи миёнамуҳлат дар бар мегирад. «Аллома»-ҳои мавриди назар, ки доир ба ҳаҷми қарзи хориҷӣ ҷор мезананд, нодида гирифтаанд, ки созишномаҳои қарзие, ки дар сатҳи лоиҳавӣ қарор доранд, муҳиму саривақтианд. Барои мисол, «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон», «Барномаи рушди соҳаи энергетика», лоиҳаи «Обтаъминкунии шаҳри Кӯлоб», лоиҳаи «Гармидиҳии шаҳри Душанбе», «Сохтмони роҳи автомобилгарди Обигарм-Нуробод», “Барномаи ислоҳоти иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», сохтмони НБО Роғун», лоиҳаи «Таҷдиди НБО Норак, марҳилаи 2» барои тавсеа бахшидани рушди соҳаҳои зиддахл зарур ва татбиқи бетаъхири онҳо ногузир аст.

Ҷанбаи дигари муҳим он аст, ки хизматрасонии қарзи берунаи давлатӣ аз рўи нақша пурра дар муҳлати муайяншуда пардохт карда шуда, дар назди ташкилоти байналмилалии молиявӣ уҳдадориҳои иҷронашуда вуҷуд надоранд. Тибқи иттилои дастрасшуда, «хизматрасонии қарзи беруна соли 2021 -213,5 млн. доллар, соли 2022 — 238,2 млн. ва соли 2023 243,3 млн. доллари амрикоӣ ба нақша гирифта шудааст». Мавриди зикр аст, ки соли 2015 кишвари мо қарзи худро дар назди ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон пурра пардохт намуда, пардохти қарзи давлатҳои дигар ва ташкилоту созмонҳои байналмилалии молиявӣ раванди муттасил аст. Андешаронии баъзе «коршиносон» далели он аст, ки аз махсусияти соҳаи иқтисоду молия бӯе набурдаву тафаккурашон дар сатҳи асри миёна боқӣ мондааст. Вагарна дарк мекарданд, ки дар ҷаҳони муосир гирифтани қарз аз ин ё он давлат ва ё ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ падидаи маъмул маҳсуб шуда, маҳз дар ин замина давлатҳои рӯ ба инкишоф такомули хешро таъмин менамоянд.

Тавре Вазири молия иттилоъ дод, “сарчашмаҳои ҷалби маблағҳои қарзӣ аз 16 манбаъ маҳсуб шуда, қарз аз Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд, Фонди ОПЕК, Фонди кувайтии рушд, Фонди саудии рушд ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ аз 20 то 40 сол, бо меъёри фоизи солонаи аз 0,75 то 2,0 фоиз ва бо давраи имтиёзноки баргардонидани қарзҳои асосӣ аз 4 то 10 сол ҷалб гардидаанд. Дар мавриди қарзи аз «Эксимбонк»-и Чин, ки боиси «нигаронӣ»-и ба ном коршиносон аст, зикр шуд, ки он аз 20 то 25 сол, бо меъёри фоизи солонаи аз 1,5 фоиз то 2,5 фоиз ва бо давраи имтиёзноки баргардонидани қарзҳои асосӣ аз 9 то 11 сол ҷудо гардидааст. Ба ин монанд, қарзи аз Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҷалбгардида низ имтиёзнок буда, маблағҳо бо меъёри фоизи Libor+1 фоиз ҷудо гардида, дар баробари онҳо маблағҳои грантӣ низ ҷудо шудаанд. Чунин ҳамкорӣ бо Клуби Париж, Бонки KFW-и Ҷумҳурии Федеративии Германия, Бонки «Натикс»-и Ҷумҳурии Франсия ва Департаменти кишоварзии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико идома дорад Вазири молияи мамлакат Файзиддин Қаҳҳорзода барҳақ гуфта буд, ки рушди иқтисоди мамлакатро танҳо бо маблағҳои буҷетӣ таъмин кардан ғайриимкон аст. Ӯ аз «сиёсати дарҳои боз» ёдовар шуда, афзуд, ки «чунин сиёсат дар баробари дигар бартариҳо ба ҷалби сармоя низ мусоидат кард».

Барои тоҷику тоҷикистониён муҳим он аст, ки татбиқи ин барнома имконият фароҳам меорад, ки ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ маблағи иловагӣ ҷалб гардида, ҳадафҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сари вақт амалӣ мешаванд. Пайгирии масъалаи мазкур маълум намуд, ки ҳатто кишварҳои абарқудрати олам низ аз гирифтани қарз дар канор набуда, дар муқоиса бо Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳаҷми қарзи хориҷиашон хеле зиёд аст. Барои мисол, қарзи хориҷии ИМА зиёда 22 триллион доллари ИМА, Федератсияи Россия 482,4, миллиард доллари ИМА, Беларус 16,9 миллиард доллари ИМА, Қирғизистон 3,8 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дода, ин нишондиҳанда бемайлон афзуда истодааст.

Аз маълумоти тавассути шабакаи умумиҷаҳонии интернет дастрасшуда бармеояд, ки нисбат ба ММД ҳаҷми қарзи ИМА 130 фоиз, Япония -232, Португалия -133, Ирландия -123, Кипр -112, Белорус- 53, 4, Қирғизистон 53 фоиз рост меояд. Нотавонбинон яқин намедонанд, ки соли 2018 Агентии бонуфузи байналалии S&P Global Ratings зимни баррасии рейтинги қарзии миёнамуҳлат ва дарозмуддати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он сатҳи В-/В-ро муносиб дониста буд. «Аз лиҳози моҳият ин сатҳ муътадил арзёбӣ мешавад»,- омада буд дар баёнияи агентии мазкур. Муҳимтар аз ҳама, таҳлилгарони S&P Global Ratings рушди босуръати иқтисодиёти кишварамонро давоми солҳои 2018 -2021 пешгӯйӣ карда буданд.

Бино ба таҳлили онҳо, дар ин давра рушди миёнаи ММД ба ҳар сари аҳолӣ 4,1 фоизро ташкил дода, таваррум давоми солҳои минбаъда поёнтар аз сатҳи пешбининамудаи Бонки миллӣ – 7 фоизи солона нигоҳ дошта мешуд. Хушбахтона, пешгӯйии мазкур дуруст баромад. Чунин рейтинг пеш аз барориши коғазҳои қиматноки давлатӣ (евробонд) дар бозорҳои байналмилалии молиявӣ низ аз ҷониби агентиҳои S&P Global Ratings ва Moody’s Investors Service гузаронида шуда буд. Он вақт низ ҳарду агентӣ рушди бемайлони иқтисодиёти мамлакатро зикр карда, дурнамои онро нек пешбинӣ намуда буданд. Мутаассифона, коршиносони «мустақил» ва аксар воситаҳои ахбори омма оид ба натиҷаҳои ин баҳогузорӣ «ба лаб муҳри хомӯшӣ заданд». Ҳол он ки метавон дар ин замина бори дигар бемайлон будани рушди иқтисодиёт, самаровар гардидани ибтикори дар ин самт аз ҷониби Ҳукумат амалигардида, сатҳи эътимоди ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба кишвари моро бозгӯйӣ намуд. Дар робита ба евробондҳо бояд гуфт, ки се сол қабл Маҷлиси намояндагон ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозорҳои байналмилалии молиявӣ» ризоят дода буд.

Қарори мазкур бо мақсади ҷалби маблағгузорӣ аз бозорҳои молиявии байналмилалӣ барои сохтмони иншооти стратегии давлат — Неругоҳи барқи обии «Роғун» қабул шуда, аз чорабиниҳои Гурӯҳи кории ваколатдор ҷиҳати дарёфти сарчашмаи маблағгузорӣ барои сохтмони НБО-и «Роғун» ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифтааст. Шоистаи зикр аст, ки барориши ин қабил коғазҳои қиматноки давлатӣ ба маблағи то 1 миллиард доллари ИМА ба нақша гирифта, дар марҳилаи аввал ба маблағи 500 000 000 (панҷсад миллион) доллари ИМА ба муҳлати то 10 сол бароварда шуд. Евробондҳои мавриди назар шурӯъ аз 31 августи соли 2017 дар чаҳор шаҳри бузурги дунё – Ню-Йорк, Бостон, Сюрих ва Лондон  ба маърази сармоядорон ва харидорон гузошта шуда, “Роуд-шоу” ё муаррифии вомбаргҳои Тоҷикистон ба сармоягузоронро ду бонки ҷаҳонӣ Citi-и Амрико ва Raiffeisen Bank International ташкил намуданд.

Хурсандиовар аст, ки рӯнамоӣ ва фурӯши евробондҳо бомуваффақият амалӣ шуда, дар ин замина 500 миллион доллар ба муддати 10 сол, ки фоизи солонааш 7,125 дарсад аст, ба мамлакат  ҷалб шуд. Бидуни муболиға ва тамаллуқ метавон гуфт, ки фурӯши евробондҳои Тоҷикистон яке аз муваффақияти роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар солҳои охир буда, аз лиҳози моҳият қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш аст. Иқдоми мазкур замина фароҳам меорад, ки нуфузи давлати мо дар арсаи байналмилалӣ чун шарики боэътимод болотар равад. Дар маҷмӯъ, ҳангомасозӣ дар робита ба ҳаҷми қарзи хориҷии мамлакат бепоя аст. Мутмаинем, ки минбаъд “коршиносон”-и мавриди назар далелу арқоми дар матлаб истифодашударо ба назар мегиранд.

Далер МЕРГАНОВ,
муовини сармуҳаррири
рӯзномаи  «Садои мардум»

Декабрь 3, 2020 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Индонезия баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Дар Озарбойҷон ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо таъкид гардиданд
Масъалаҳои фаъолияти дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ баррасӣ шуданд
Ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистон ва Покистон доир мегардад
Дар Душанбе Лоиҳаи дуюми мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ баррасӣ гардид
Дар Сингапур имконияти ҳамкории дуҷониба бо Тоҷикистон баррасӣ шуд
Пагоҳ дар вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузорӣ доир мегардад
Дар Боку бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон оид ба мониторинги криосфера ва ҳамкорӣ барои тақсимоти захираҳои обӣ чорабинии канорӣ доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории кишварҳо дар шаҳри Сингапур иштирок намуд
Дар Тоҷикистон Барномаи «Маблағгузории занҷираи арзиши агросектор» ҷамъбаст гардид
Ҷалби сармоягузории мустақими Ҷумҳурии Сингапур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд