Ба пойгоҳи низомии 201-и Россия дар Тоҷикистон ду чархболи нави ҳарбӣ ворид гардид

Декабрь 30, 2020 12:00

ДУШАНБЕ, 30.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ду чархболи нави ҳарбии мусаллаҳи Ми-8МТВ5-1, ки дар корхонаи чархболбарории Қазон истеҳсол шудаанд, ба пойгоҳи низомии 201-и Россия дар Тоҷикистон ва дутои дигар ба пойгоҳ Ҷумҳурии Қирғизистон ворид карда шуданд. Дар ин бора Вазири мудофиаи Россия Сергей Шойгу 21 декабр зимни ҷаласаи васеи солонаи вазорат изҳор дошт, хабар медиҳад ТАСС.

Президенти Россия Владимир Путин зимни суханронӣ дар ҷаласаи васеи вазорат зикр кард, ки қобилияти ҷангии артиши Россия дар соли 2020 13% афзудааст. Ҳиссаи силоҳи муосир дар қувваҳои таъиноти умумӣ аз 70% зиёд шуда, дар нерӯҳои стратегии ҳастаӣ ба 86% расид.

«Ҳамин тавр, артиш ва сегонаи ҳастаӣ ба сатҳе расиданд, ки таъмини амнияти Россияро кафолат медиҳанд»,-таъкид намуд Владимир Путин.

ДАР АКС: чархболҳои ҷангии Ми-8АМТШ Сурат: © Вадим Савитский /хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ФР/ТАСС

 

Декабрь 30, 2020 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд