Ба сокинони ноҳияи Ванҷ зимни мулоқот истифодаи сарфакоронаи неруи барқ фаҳмонида шуд

Декабрь 19, 2020 10:32

ДУШАНБЕ, 19.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода бо  роҳбарони мақомот ва сокинону фаъолони ҷамоату деҳот ва деҳаҳои дурдасти ноҳияи Ванҷ вохӯриҳо доир намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи мазкур хабар доданд, дар вохӯриҳо оид ба шарҳи муҳтавои ҳидоятҳои Сарвари давлат оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, риояи қоидаҳои зидди сӯхтор, худдорӣ аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти барқии серхароҷот, вусъат бахшидан ба раванди корҳои бунёдкорию созандагӣ, омодагӣ ба Иди байналмилалии Наврӯз ва Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили озмунҳо, ба роҳ мондани фаъолияти доимии боғҳои фарҳангӣ, шинонидани ниҳолҳо, истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ, баррасии ҳолати пешгирии бемории сироятии  коронавируси COVID-19 ва тадбирҳои андешидашуда дар ин  самт суҳбат доир гардид.

Зимни вохӯриҳо сокинони ноҳия бо фараҳмандӣ изҳор доштанд, ки бо дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои маркази ноҳия солҳои охир ба куллӣ дигаргун шуда, иншооти муҳим бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат ифтитоҳ гардиданд, ки ба аҳолии ноҳия хизмат расонида истодаанд. Соҳибкорони ноҳия низ дар амалисозии тадбирҳо бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда саҳми муносиб гузошта истодаанд.

Дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ  20 августи соли 2020 Пешвои муаззами миллат иброз дошта буданд, ки имконияти ноҳия дар самти рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ, махсусан, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ ва дигар хизматрасониҳо зиёданд ва зарур аст, ки ба ин соҳаҳо сармояи ватаниву хориҷӣ ҳарчи бештар ҷалб карда шавад.

Мавзеъҳои таърихию истироҳатии пиряхҳои Хирсон, Федченко, Кашола Ях, мавзеъҳои Зинг, Дараи Довгӣ, Чашмаи Шоҳмастон, Язғулом ба рушди соҳа такони ҷиддӣ мебахшанд.

Мавриди зикр аст, ки маводи итилоотию тарғиботии Кумита низ маконҳои тамошобоби минтақаро фаро гирифта, дар байни дўстдорони сайру саёҳат ройгон паҳн гашта истодаанд.

Имрўзҳо бо истифода аз имтиёзи андозию гумрукии аз ҷониби Ҳукумати мамлакат пешниҳодшуда, аз ҷумла дар тўли панҷ соли аввали фаъолият аз андози фоида озод намудани ширкатҳои сайёҳӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ ва то 50% коҳиш додани боҷи гумрукӣ барои воридоти мошинҳои нав ҳавасмандӣ ва таваҷҷуҳи соҳибкоронро барои фаъолият дар бахши сайёҳӣ ва бунёди инфрасохтори соҳа зиёд намуда истодааст.

Аҳли заҳмати ноҳияи Ванҷ бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва эълон гаштани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои тақвият бахшидани рушди инфрасохтори сайёҳӣ дар ноҳия, ки ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд гардидани сатҳи некуаҳволии аҳолии маҳаллӣ мусоидат менамояд, аз имконияти мусоид самаранок истифода менамоянд.

Декабрь 19, 2020 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд