Барқияи изҳори тасаллии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Жан-Мишел Фредерик Макрон

Декабрь 3, 2020 18:13

ДУШАНБЕ, 03.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Франсия муҳтарам Эммануэл Жан-Мишел Фредерик Макрон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари даргузашти собиқ Президенти Франсия Валери Жискар д’Эстен боиси андӯҳи  мо гардид.

Ҷаноби Жискар д’Эстен, ба ҳайси шахсияти боризи давлатӣ, хислату мӯҳтавои як давраи муҳими рушди Франсияро муайян намуда, номи ӯ дар таърихи муосир ҳамчун сиёсатмадоре, ки дар таъмиқи раванди ҳамгироии Аврупо ва ташаккули асосҳои таъсис додани Иттиҳоди Аврупо нақши босазо гузоштааст, ба ҳамешагӣ боқӣ мемонад. Ҷаҳду талошҳои пайвастаи ҷаноби Жискар д’Эстен дар арсаи байналмилалӣ баҳри таҳкими сулҳу субот низ боиси шинохти умум ва эҳтироми ӯ гардидаанд.

Лутфан тасалливу таъзияи самимии ин ҷонибро ба ҳамаи пайвандону наздикони марҳум ва тамоми  мардуми дӯсти Франсия бирасонед».

Декабрь 3, 2020 18:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ