БО ТАМҒАИ «ИСТЕҲОЛИ ТОҶИКИСТОН». Корхонаи «Субҳи Ватан» ба Туркия, Германия ва Қазоқистон 87 тонна хушкмева содирот намудааст

Декабрь 11, 2020 14:33

ДУШАНБЕ,11.12.2020/АМИТ«Ховар»/. Корхонаҳои  соҳа  ва соҳибкорони инфиродии мамлакат  соли равон ба миқдори 61274,1 ҳазор қуттии шартӣ консерваи меваю сабзавот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба  ҳамин давраи соли гузашта  35522,1 ҳазор қуттии шартӣ зиёд буда, суръати афзоиши он  237,9 фоизро ташкил менамояд. Аз ҷумла,  соли равон корхонаи «Субҳи Ватан»  беш аз 87 тонна меваи хушк ба маблағи зиёда аз 550 ҳазор сомонӣ ба  Туркия,  Германия,  Қазоқистон, инчунин  207,1 тонна консерва ба маблағи зиёда аз 570 ҳазор сомонӣ ба Қирғизистон, Қазоқистон ва Украина содирот кардааст.

Тибқи иттилои  Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин давра корхонаҳои консервбарории «Оби Зулол», «Комбинати консервабарории Хуҷанд», «Сирдарё», «Куруши Кабир», «Шарбати мева», «Субҳи Ватан», «З.Ҳасанов» ва  «Комбинати хӯроквории Бохтар» пурмаҳсул фаъолият намудаанд. Ширкати «Оби Зулол» ба Қазоқистон 2609 ҳазор литр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, наздики 90 ҳазор  литр обҳои маъданӣ, 70 ҳазор литр шарбат, ҷамъ ба маблағи 9473,6 ҳазор сомонӣ,  ширкати «Кока-Кола- Нӯшокиҳои Тоҷикистон» 5929 ҳазор литр ба маблағи 19027,6 ҳазор сомонӣ ба Қирғизистон ва Қазоқистон ва «ММД» ба Афғонистон 14,8 ҳазор декалитр спирти этилӣ ба маблағи 1938 ҳазор сомонӣ содирот намудаанд. Дар маҷмӯъ, дар ин давра, корхонаҳои соҳа ба маблағи беш аз 31 миллиону 760 ҳазор сомонӣ маҳсулот  ба хориҷи кишвар  содирот  кардаанд.

Мусаллам аст, ки дар соҳаи саноати хӯрокворӣ ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – саноатикунонии босуръати кишвар, зиёд намудани ҳиссаи маҳсулоти саноати хӯрокворӣ дар маҷмуи маҳсулоти саноатӣ ва  таҳкими  раванди бунёди корхонаҳои нав бо насби хатҳои  муосири технологӣ, истеҳсоли маҳсулоти босифату  рақобатпазири воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Зеро коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва истеҳсоли консерваҳои меваю  сабзавот  соҳаи  калидии саноати хӯрокворӣ ва яке аз маҳсулотҳои асосии содиротии кишвар маҳсуб меёбад.

Декабрь 11, 2020 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд