Бонки миллӣ ба «Хона-интернати беморони рӯҳии шаҳри Ҳисор» 1 тонна маводи хӯрока кумак намуд
ДУШАНБЕ, 30.12.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Соли нави мелодӣ Бонки миллии Тоҷикистон ба бошандагони Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони рӯҳии шаҳри Ҳисор» кӯмак расонид. Кӯмак аз 1 тонна маводи хӯрока – шириниҳо, равған, биринҷ, марҷумак, макарон ва дигар маҳсулоти донагӣ, инчунин 14 номгӯй либосҳои зимистона, дастгоҳи гармидиҳандаи барқӣ, 240 адад туҳфаи солинавӣ, маводи гигиенаи шахсӣ барои беҳдошти вазъи саломатӣ иборат мебошад. Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо шароити зисти бошандагони муассисаи мазкур шинос шуда, маводи зикршударо дастраси онҳо гардониданд.
Мавриди зикр аст, ки ятимону бепарасторон таҳти таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманад ва дастгирии ҳамешагии онҳо, аз ҷумлаи самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.








АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид






