Бори аввал харитаи мукаммали ёдгориҳои таърихии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон омода мешавад

Декабрь 23, 2020 13:10

ДУШАНБЕ, 23.12.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Мутахассисони институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи  миллии илмҳои Тоҷикистон бори аввал  харитаи мукаммали ёдгориҳои таърихии шаҳру ноҳияҳои мамлакатро омода менамоянд.  То имрӯз бостоншиносон Ю. Яқубшоев, Т.Филимонова, А. Абдуллоев, Т. Мансуров, Г. Каримова харитаи ёдгориҳои таърихии ноҳияҳои Ёвон, Ҷалолиддини Балхӣ, шаҳри Ҳисор ва Помири Шарқиву Ғарбиро омодаву чоп намудаанд. Харитаи ёдгориҳои ноҳияҳои  Ёвон, Данғара, Темурмалик, Муъминобод ва Фархор низ барои чоп омода шудаанд.

Тавре аз  Академияи  миллии илмҳои Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  бостоншиносон таҳияи харитаи мазкуро бо мақсади ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ рӯи кор гирифтаанд.

Дар харита, ки бори аввал омода мешавад, ҳудуд ва макони ҷойгиршавии ёдгориҳо дақиқ муайян мегардад. Ин имкон медиҳад, ки дар  макони ҷойгиршавии ин ёдгориҳо  ҳангоми тақсими замин ҳудуди онҳо  ба назар гирифта шуда,   чун замини кишт ё қитъаи наздиҳавлигӣ истифода нашаванд.

Мавриди зикр аст, ки бино бар сабаби набудани харитаи ёдгориҳои таърихӣ дар  мамлакат ҳолатҳои   чун замини кишт, қитъаи наздиҳавлигӣ ва қабристон тақсим ва истифода шудани  ҳудуди баъзеи ёдгориҳои таърихӣ  ба назар мерасанд.

Тибқи иттилои масъулини Вазорати фарҳанг, дар Тоҷикистон зиёда аз 3000 адад ёдгориҳои меросии таърихию фарҳангӣ, 6 адад муассисаҳои давлатии муҷтамаъ ва мамнуъгоҳҳои таърихию фарҳангӣ, миқдори зиёди осорхонаҳои таърихӣ-кишваршиносӣ, хонамузейҳо, китобхонаҳо, марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, мавзеъҳои нодири табиӣ, инчунин дигар ёдгориҳои алоҳидаи меъморӣ ва таърихию бостоншиносӣ  мавҷуд мебошанд.

ДАР АКС: Саразм

Аз ҷониби кормандони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон «Феҳристи ёдгориҳои таърихию фарҳангии мамлакат» омода гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 феҳристи мазкур бо номнависии 3416 адад ёдгориҳои ғайриманқул ба тавсиб расид. Аз ин теъдоди ёдгориҳо 70% он ёдгориҳои бостонӣ ва боқимонда ёдгориҳои меъморӣ ва монументалӣ мебошанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар давраи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шумораи муассисаҳои мансуб ба ҳифзу истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ бамаротиб афзоиш ёфта, таваҷҷуҳ ба мероси моддии ниёгон ва худшиносии миллӣ тадриҷан афзун гардидааст.

ДАР АКС: Ҳулбук

Давоми соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ зиёда аз 90 ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва меъморӣ  тармиму барқарорсозӣ ва эҳё гардидаанд. Корҳои  тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи «Барномаи давлатии ҳифзи  мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» амалӣ карда мешаванд. Мақсади асосии барнома ба низом даровардан, ҳифзу нигаҳдошт, тармиму барқарорнамоӣ, истифодаи дурусти мероси ғайриманқули таърихию фарҳангии мамлакат баҳри баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии мардум ва дастраси ҷаҳони муосир гардонидани  сарватҳои таърихию фарҳангии  халқи тоҷик ба шумор меравад.

Эҳёи суннатҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан наврасон ва ҷавонон мавқеи муҳим дорад. Моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем. Ин қарзи мо дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад.

ДАР АКС: Қалъаи Ҳисор

Декабрь 23, 2020 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Сеул байни китобхонаҳои миллии Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Директори Театри опера ва балети Тоҷикистон ба кишварҳои ИДМ ҳамкории эҷодӣ ва таълимӣ пешниҳод намуд
Дар Бӯстон ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиш баргузор гардид
МУЖДАҲОИ РУҲБАХШИ ЗИНДАГӢ ДАР ШЕЪРИ ҲОФИЗ. Эҳдо ба таҷлили Рӯзи байналмилалии Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ
Маркази саратоншиносии вилояти Суғд бо таҷҳизоти табобатии нурии саратонӣ таъмин гардид
Тараннуми дӯстию рафоқат ва мақоми инсон дар ҷомеа дар маркази афкори эҷодии Ҳофизи Шерозӣ қарор дорад
Чанд мулоҳиза дар бораи нусхаи тозаи «Девон»-и Ҳофиз. Эҳдо ба 700-солагии зодрӯзи Ҳофизи Шерозӣ
ШАҲРИ ҲУНАРМАНДӢ ВА ҲУНАРМАНДОН. Истаравшан макони ҷалби сайёҳон аст
Дар Душанбе бахшида ба 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ конференсияи байналмилалӣ оғоз гардид
ПАЁМИ ҲУВИЯТСОЗИ ҲОФИЗ. Эҳдо ба 700-солагии Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
Нахустин шумораи маҷаллаи «Навиди илм» ба нашр расид