Бозиҳои дӯстонаи дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон ва Эрон ба анҷом расиданд
ДУШАНБЕ, 28.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бози дуюми дӯстона байни дастаҳои футболи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид. Бозии мазкур бо ҳисоби 1:0 бар нафъи дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Эрон хотима ёфт. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки 23 декабри соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе нахустин бозии дӯстона миёни дастаҳои футболи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон ва Эрон дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар он футболбозони навраси тоҷик аз дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Эрон бо ҳисоби калони 4:1 мағлуб шуда буданд.
Бозии дӯстона
Тоҷикистон (U-16) – Эрон (U-16) – 0:1.
Гол: Амир Иброҳимзода, 29.
26 декабр. Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе.
Бозии дӯстона
Тоҷикистон (U-16) – Эрон (U-16) – 1:4
Голҳо: Амир Иброҳимзада, 14 (0:1). Алиакбар Ранҷбар, 20 (0:2). Бежан Нишонбойзода, 58 (1:2). Муҳаммадреза Кушки, 77 (1:3). Ядегар Ростами, 83 (1:4).
Аз майдон ронда шуд: Солиҳӣ Муҳаммадзода (Эрон), 23 –
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-16) дар бозии дӯстона бо дастаи мунтахаби Эрон:
Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров, Шаҳобиддин Маҳмудзода (ҳарду – «Локомотив-Помир»), Суҳробхуҷа Юсупов («Хуҷанд»);
Ҳимоятгарон: Меҳрубони Абдурауф, Ҳукмиддин Шомуродов, Фахриддин Ахтамов, Шаҳриёри Иноятулло, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов, Қурбоналӣ Муродов, Нурсултон Норбойзода (ҳама – «Локомотив-Помир»);
Нимҳимоятгарон: Кабир Салимшоев, Аббос Андалибов, Бежан Нишонбойзода, Меҳрубон Каримов (ҳама – «Локомотив-Помир»), Кароматулло Боронов (Академияи футболи ФФТ), Амирҷони Фаррухзод («Равшан»), Азизбек Далиев («Регар-ТадАЗ»), Абдулло Шарипов (РШВСМ);
Ҳамлагарон: Абдулфаттоҳи Худойдодзода, Сунатулло Азизов, Асадбек Ҷурабекзода, Хуршед Давлатзода (ҳама – «Локомотив-Помир»).
Сармураббӣ – Аҳлиддин Турдиев.
Бозиҳои дӯстона
23 декабр (чоршанбе)
Тоҷикистон (U-16) – Эрон (U-16) 1:4
Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе
26 декабр (шанбе)
Тоҷикистон (U-16) – Эрон (U-16) 0:1
Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






