COVID-19. Ба 569 нафар гурӯҳи осебпазири ноҳияи Сангвор ба маблағи 227 600 сомонӣ кумаки яквақтаинаи Ҳукумати Тоҷикистон пардохт гардид

Декабрь 5, 2020 11:06

ДУШАНБЕ, 05.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати 1 декабри соли 2020 ба 295 нафар маъюбон дар шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Сангвор дар асоси ташхиси тиббӣ нафақа таъйин гардид. Аз ҷумла, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тадбирҳои амалисозии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ дар ноҳия ба 569 нафар гурӯҳи осебпазир ба маблағи 227 600 сомонӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки яквақтаина пардохта шуд.

Ин нукта зимни конференсия таҳти унвони  “Ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои маъюбон”, ки дар ноҳияи Сангвор доир шуд, баён гардид.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, дар конференсия роҳбарон, кормандони бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кумаки аввалини тиббӣ ва санитарии ноҳия сухан карданд.

Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Маҳмадулло Исмонов оид ба татбиқи “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020 ” дар ноҳияи Сангвор изҳори назар намуд. Мавсуф гуфт, ки Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020 хусусиятҳои иҷтимоӣ ва зиддибуҳронӣ дорад.

Шахсони маъюб мисли дигар шаҳрвандон ҳуқуқи дастрасии баробар ба ҳамаи  хизматрасониҳо, аз ҷумла тандурустӣ, хизматҳои иҷтимоӣ, тавонбахшӣ, таҳсилот ва барномаҳои рушди малакаҳо доранд. Аз замони ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  то имрӯз тамоми талошҳои  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини кафолатҳои иҷтимоии мардум, хусусан маъюбон равона гардида, дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон пурра таҳлил ва мавриди амал қарор дода шудааст.

Инчунин гуфта шуд, ки дар доираи Барномаи тавонбахшии маъюбон барои  солҳои 2017-2020 бахши ҳифзи иҷтимоии ноҳия соли равон маъюбонро бо 10 аробачаи маъюбӣ ва 15 асобағал таъмин намуд.

То 1 октябри соли 2020 дар ноҳияи Сангвор 298 маъюб — 29 нафар гурӯҳи 1-ум, 128 нафар гурӯҳи 2-юм, 91 нафар гурӯҳи 3-юм ба қайд гирифта шуда,  кӯдакони маъюби то 18-сола 50 нафар мебошанд.

Зикр шуд, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони саховатманд ҳамеша ба маъюбон кумакҳои моддӣ расонида шуда, аҳволи маъюбон таҳти назорати гурӯҳи корӣ қарор дорад.

Декабрь 5, 2020 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Қазоқистон доир мегарданд
Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳамкориро барои табодули таҷриба ва омодасозии кадрҳои давлатӣ тақвият медиҳанд
Тавассути намоишҳои ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод беш аз 11 ҳазор шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардиданд
ОГОҲӢ. Аз нимаи дуюми имрӯз то пагоҳ дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 лоиҳаҳои грантии 200 зани соҳибкору ҳунарманд дастгирӣ ёфт
Портали маълумоти системаи идоракунии таҳсилоти касбӣ фаъол карда шуд
БЕМОРИИ ЗУКОМ. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои пешгирии вирусҳои гуногун чӣ тадбирҳо меандешад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 беш аз 14 000 нафар соҳиби касб шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 70 ҳазор ҷойи кори доимӣ таъсис дода шуд
ИНТИХОБИ МАН — МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ. Дастоварду норасоиҳои соҳаи дорусозӣ кадомҳоянд?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 7 миллион нафар аҳолии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин аст
Дар Тоҷикистон то 5 феврал ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад