COVID-19. Ба 569 нафар гурӯҳи осебпазири ноҳияи Сангвор ба маблағи 227 600 сомонӣ кумаки яквақтаинаи Ҳукумати Тоҷикистон пардохт гардид
ДУШАНБЕ, 05.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати 1 декабри соли 2020 ба 295 нафар маъюбон дар шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Сангвор дар асоси ташхиси тиббӣ нафақа таъйин гардид. Аз ҷумла, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тадбирҳои амалисозии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ дар ноҳия ба 569 нафар гурӯҳи осебпазир ба маблағи 227 600 сомонӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки яквақтаина пардохта шуд.
Ин нукта зимни конференсия таҳти унвони “Ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои маъюбон”, ки дар ноҳияи Сангвор доир шуд, баён гардид.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, дар конференсия роҳбарон, кормандони бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кумаки аввалини тиббӣ ва санитарии ноҳия сухан карданд.
Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Маҳмадулло Исмонов оид ба татбиқи “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020 ” дар ноҳияи Сангвор изҳори назар намуд. Мавсуф гуфт, ки Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020 хусусиятҳои иҷтимоӣ ва зиддибуҳронӣ дорад.
Шахсони маъюб мисли дигар шаҳрвандон ҳуқуқи дастрасии баробар ба ҳамаи хизматрасониҳо, аз ҷумла тандурустӣ, хизматҳои иҷтимоӣ, тавонбахшӣ, таҳсилот ва барномаҳои рушди малакаҳо доранд. Аз замони ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз тамоми талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини кафолатҳои иҷтимоии мардум, хусусан маъюбон равона гардида, дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон пурра таҳлил ва мавриди амал қарор дода шудааст.
Инчунин гуфта шуд, ки дар доираи Барномаи тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020 бахши ҳифзи иҷтимоии ноҳия соли равон маъюбонро бо 10 аробачаи маъюбӣ ва 15 асобағал таъмин намуд.
То 1 октябри соли 2020 дар ноҳияи Сангвор 298 маъюб — 29 нафар гурӯҳи 1-ум, 128 нафар гурӯҳи 2-юм, 91 нафар гурӯҳи 3-юм ба қайд гирифта шуда, кӯдакони маъюби то 18-сола 50 нафар мебошанд.
Зикр шуд, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони саховатманд ҳамеша ба маъюбон кумакҳои моддӣ расонида шуда, аҳволи маъюбон таҳти назорати гурӯҳи корӣ қарор дорад.








Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»






