COVID-19. СУТ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ лавозимоти тиббӣ тақдим намуд
ДУШАНБЕ, 11.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 10 декабр Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ, аз қабили монитор, оксиметри набз, ниқобҳо ва канюлҳо барои оксиген ҷиҳати пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 тақдим намуд.
Тавре аз Вазорати мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар маросими супоридани таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода ва мутахассиси Намояндагии доимии Дафтари минтақавии аврупоии СУТ дар Тоҷикистон Абдулаҳад Сафаров иштирок намуданд.
Ғафур Муҳсинзода дар ҷараёни қабули таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ иброз намуд, ки Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ яке аз шарикони асосии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, барои рушду пешрафти соҳа пайваста кумак менамояд.








Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд






