Дар 5 муассисаи таълимии пойтахт барномаи «eDonish» фаъол гардид
ДУШАНБЕ, 01.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд»-и (Smart City) Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маросими муаррифии барномаи электронии «eDonish» баргузор гардид. Дар он муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, ноиби Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ирина Каримова, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Муҳаммадалӣ Азизӣ, директори КВД «Шаҳри ҳушманд»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзода, намояндагони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва омӯзгорон иштирок намуданд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.
Барномаи мазкур тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 августи соли 2020 «Дар бораи татбиқи барномаи электронии «eDonish» дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ» қабул гардид. Айни замон он ҳамчун лоиҳаи таҷрибавӣ дар 5 муассисаи таълимии пойтахт, асосан дар литсею гимназияҳо барои хонандагони болаёқат роҳандозӣ гардидааст.
Барномаи «eDonish» хизматрасонии электронӣ мебошад, ки тавассути он волидони хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз ахлоқу рафтор ва пешрафти донишомӯзии фарзандони худ бо истифода аз воситаҳои иттилоотиву коммуникатсионии муосир ва гирифтани паёмакҳо ба телефонҳои ҳамроҳ ба таври доимӣ бохабар мешаванд.
Ин барнома ҳамчунин шомили унсурҳои мухталифи иттилоотӣ, аз ҷумла журнал ва рӯзномаи электронӣ, ҷадвали дарсҳои асосӣ ва иловагӣ, назорати давомоти хонандагон ва мониторинги сатҳи дониши онҳо мебошад.
Тавассути ин барнома волидон метавонанд вазифаҳои хонагии фарзандонашонро аз фанҳои таълимӣ, супоришҳои омӯзгорон ва дигар маълумоти заруриро, ки аз маъмурияти муассисаи таълимӣ мерасанд, бо паёмак ба телефон дастрас намоянд.
Гузашта аз ин, барномаи «eDonish» ба муассисаҳои таълимӣ имкон медиҳад, ки бо волидайни хонандагон робитаи боз ҳам зичтар ва доимӣ барқарор намоянду роҷеъ ба раванди таҳсили ҳар хонанда ва сатҳи пешрафти онҳо дар робита бошанд.










31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд






