Дар қаламрави Чин метеорити 10-тоннагӣ афтид

Декабрь 25, 2020 10:11

ДУШАНБЕ, 25.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 23 декабр дар қаламрави Чин  метеорити калон афтид. Шоҳидони ин ҳодиса тавонистанд парвози ҷирми дурахшони кайҳониро бубинанд. Ҷирми кайҳонӣ дар тӯли ним дақиқа бо нурпошиаш чашмони бинандагонро хира кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Правда. Ру».

Олими рус Сергей Замоздра, ки моҳи феврали соли 2013 суқути метеорити Челябинскро омӯхта буд, зимни мусоҳиба бо «РИА Новости» ин ҳодисаро дар Чин шарҳ додааст.

«Сухан дар бораи ҷирми бузург ва олиҷаноб меравад. Дурахши он тақрибан 29 сония давом кард — ин чунин маъно дорад, ки метеорит  ба фазои замин бо зовияи камтар аз 10 дараҷа ворид шудааст», — гуфт Сергей Замоздра, доктори илмҳои физика ва математика ва дотсенти кафедраи физикаи назариявии ДД Челябинск.

Тибқи маълумоти коршиносон, ҳаҷми шиҳобпораи дар Чин афтида метавонад тақрибан 10 тоннаро ташкил диҳад.

Пештар «Правда».Ру” навишта буд, ки дар Красноярск сокинон суқути метеоритро  ба навор гирифтаанд.

                                                          АКС аз сомонаи  «Правда. Ру»

Декабрь 25, 2020 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид