Дар Беморхонаи минтақавии ноҳияи Ҷайҳун шуъбаи таваллуд ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 7.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Беморхонаи минтақавии деҳоти №3-и ноҳияи Ҷайҳун шуъбаи таваллуд ба истифода дода шуд. Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, шуъбаи мазкур аз 5 ҳуҷра иборат буда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Зимни ба истифода додани шуъбаи мазкур намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун иштирок намуданд.
Сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зоир Набиев иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саломатии аҳолӣ, махсусан хизматрасонии босифати тиббӣ ба модарону кӯдакон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Давоми солҳои охир бо мақсади хизматрасонии босифат ва саривақтӣ ба модарону кӯдакон дар тамоми гӯшаву канори мамлакат якчанд муассисаҳои хуштарҳу замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ба истифода дода шуданд.
Бо мақсади беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ бунёд, навсозӣ ва таъмиру тармими муассисаҳои тандурустӣ дар гӯшаву канори мамлакат бомаром идома дорад.








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид






