Дар Донишгоҳи давлатии Данғара 83 нафар донишҷӯ аз рӯи ихтисоси саёҳат ва меҳмондорӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд

Декабрь 14, 2020 13:30

ДУШАНБЕ, 14.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи касбияти мутахассисони соҳаи сайёҳӣ,   ҷалби   донишҷӯён барои таҷрибаомӯзӣ дар дигар муассисаҳои олии таълимии ҷумҳурӣ ва хориҷи мамлакат дар ҷамъомаде, ки дар Донишгоҳи давлатии Данғара бо иштироки Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ва Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, профессор Нуралӣ Шоҳиён  доир гардид, баррасӣ шуданд.

Зикр гардид, ки дар факултети идораи давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва рушди сайёҳии Донишгоҳи давлатии Данғара 83 нафар донишҷӯ аз рӯи  ихтисоси   саёҳат ва меҳмондорӣ  ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Саноати сайёҳии замони муосир яке аз соҳаҳои рушдёбанда ва сердаромади иқтисоди ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад. Бинобар ин, дар ин самти тайёр кардани мутахассисони ҳирфаию ихтисосманди соҳа ва васеъ намудани арзҳои меҳмоннавозӣ, саҳм гузоштан дар беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо барои таҳкими симои ҷумҳурӣ ҳамчун давлати сайёҳии байналмилалӣ  ҳадафҳои  муҳими  Кумита маҳсуб мешаванд.

Декабрь 14, 2020 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд