Дар Донишгоҳи давлатии Данғара оид ба пешгирии бемории ВНМО конфронси таълимӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 01.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. 1 декабр дар бастагӣ ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО -ВИЧ/СПИД) ва бо мақсади беҳтар намудани сатҳи маълумотнокии донишҷӯён оид ба бемории ВНМО дар Донишгоҳи давлатии Данғара дар мавзӯи «Вусъат бахшидани чораҳо барои решакан намудани ВНМО» бо иштироки мутахассисони соҳа Конфронси таълимии донишҷӯён баргузор гардид.
Дар ин бора ёвари ректор ва мудири бахши робита бо фазои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Данғара Муҳаммад Шораҳимзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Роҳбарони донишгоҳи мазкур зикр намуданд, ки мақсад аз баргузории чорабиниҳои гуногуни оммавӣ бори дигар ба аҳолии ҷаҳон расонидани маълумот оид ба ин беморӣ ва сарҷамъ намудани ҳамаи қувваҳо бар зидди он мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамасола бахшида ба ин рӯз чорабиниҳои гуногун баргузор карда мешаванд, аз ҷумла ҷамъомаду вохӯриҳо бо мутахассисон, маълумот тавассути воситаҳои ахбори умум, ҳафтаи тестгузаронӣ (санҷиши тестӣ барои муайян намудани сироятнокӣ).
Инчунин гуфта шуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2010 “Барнома оид ба муқовимат бо эпидемияи Вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ гардидааст. Самтҳои асосии стратегии Барномаи мазкур, пеш аз ҳама, ба ташкил намудани заминаи ҳуқуқӣ, ки ба таъмини дастрасии умумӣ ба хизматрасониҳои пешгирӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ мусоидат менамоянд, равона гардидаанд.
Дар кори конфронс мутахассисони соҳа ва донишҷӯён оид ба бемории ВНМО маърӯза намуда, ҳамчунин видеофилм аз ҳаёти шахси ба ин беморӣ мубталошуда намоиш дода шуд.
Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, пӯшида нест, ки ВНМО (СПИД)- ин зинаи охирини ВИЧ мебошад. Беморӣ, ки ҳамчун аломати норасоии масъунияти бадан муайян карда мешавад, аз аввали солҳои 80-и асри XX маълум аст. Имрӯзҳо тибқи маълумоти СММ, ҳар рӯз дар ҷаҳон 16 ҳазор нафар аз Вируси норасоии масъунияти бадан сироят меёбанд, ки тақрибан 50%-ро ҷавонони синни аз 14 то 20 ташкил медиҳанд. Аз рӯзи пайдо шудани ин беморӣ дар ҷаҳон тақрибан 60 млн нафар одамон ба он сироят шуда, 20 млн нафари онҳо ба ҳалокат расидаанд, ки ин хеле ташвишовар аст.
Ҳар инсон бояд худро аз хатари сироят ёфтан аз ин бемориҳо ва вирусҳои ҳалокатовар ҳифз кунад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






