Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон ҳамоиш доир гардид

Декабрь 3, 2020 15:20

ДУШАНБЕ, 03.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Таҷлили бошукуҳи Рӯзи байналмилалии маъюбон дар саросари мамлакат  далели сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дастгирии шахсони имконияташон маҳдуд маҳсуб мешавад. Моҳи сентябри соли равон зиёд гардидани андозаи нафақаи маъюбон шаҳодати гуфтаҳои боло мебошанд. Дар мамлакат то 1 ноябри соли 2019 шумораи умумии маъюбон 148 ҳазору 348 нафар, аз ҷумла маъюбони гурӯҳи якум 15 ҳазору 454 нафар, гурӯҳи дуюм 71 ҳазору 368 нафар, гурӯҳи сеюм 33 ҳазору 260 нафар, инчунин, кӯдакони маъюби то 18-сола 27 320 нафарро ташкил медиҳад.

Ин нуктаро имрӯз Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода зимни баргузории ҳамоиш бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон, ки дар Муассисаи давлатии «Литсейи касбии махсуси маъюбон» дар шаҳри Душанбе доир гардид, баён намуд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки баҳри амалӣ шудани сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла дастгирии маъюбон аз ҷониби давлат тадбирҳои дорои аҳамияти стратегӣ  қабул гардиданд. Қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 «Дар бораи Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» ва баимзорасонии Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои маъюбон намунае аз ин тадбирҳо мебошанд.

«Вазорат ва муассисаҳои марбута дар омода намудани мутахассисон аз ҳисоби шаҳрвандони имконияташон маҳдуд баҳри таъмини баробарии онҳо дар ҷомеа, дастрасӣ ба ҳуқуқҳо, фароҳамоварии шароити мусоиди ҳаётгузаронӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ хоҳанд намуд. Инчунин бо қаноатмандӣ аз ғамхориву дастгириҳои ҳамешагии Сарвари давлат – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар мешавем, ки ҳалли масоили ҳифзи иҷтимоии маъюбон дар мадди назари аввал қарор дорад», -иброз дошт номбурда.

Сипас аз ҷониби муҳассилини Муассисаи давлатии «Литсейи касбии махсуси маъюбон» баҳри иштирокдорон барномаи фарҳангӣ  пешниҳод гардид.

Тавре дар суҳбат бо мо директори муассисаи мазкур Хуршед Исматуллозода иброз дошт, «дар ҷомеаи имрӯза бисёр шахсони имконияташон маҳдуде ҳастанд, ки новобаста ба нуқсонҳои худ дар ҷамъият ҳамчун шахсони  пешқадаму фаъол шинохта шудаанд.  Имрӯзҳо  бештари онҳо ҳамчун варзишгар,   рассом,   сарояндаю ҳунарманд дар соҳаҳои гуногун фаъолият мекунанд. Муассисаи мо низ барои соҳибкасб шудан ва дар ҷомеа мавқеъ ёфтани чунин шахсон фаъолият мекунад».

Бояд гуфт, ки маъюбон узви комилҳуқуқи ҷомеа буда, ҳамасола барои табобати санаторию курортӣ, таъмин бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ, бо ҷои кор фаро гирифтани маъюбони дорои қобилияти меҳнатӣ, беҳтар кардани шароити зисти онҳо аз буҷети мамлакат маблағҳои зарурӣ ҷудо мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки соли равон ба шахсони имтиёздор барои табобати санаторию курортӣ 333 ҳазор сомонӣ, барои рафтуомади маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин нафақахӯрон барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ, барои давраи зимистонгузаронии маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷиҳати истифодаи ангишт ва ё маводи сӯхт 120 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки ин шаҳодати таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба табақаи ниёзманди ҷомеа мебошад. Маблағи умумии ҷудошуда барои маъюбону пиронсолони яккаву танҳое, ки дар парастории давлат қарор доранд, соли 2019   44 606 151 сомониро ташкил медиҳад.

Декабрь 3, 2020 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазъи шабакаи муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт
МУЪҶИЗАИ НУР ДАР ДИЛИ КӮҲ. Аъзои ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо фаъолияти сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос гардиданд
«БЕҲТАРИН ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ». Дар Ҳисор даври минтақавии озмун аз ҳисоби занҳо баргузор гардид
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар Душанбе бо мақсади тақвият додани масъулияти шаҳрвандӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи ҳабдаҳуми Шурои вазирони адлияи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи ҳабдаҳуми Шурои вазирони адлияи мамлакатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мешавад
ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон қабулгоҳи электронӣ фаъол гардид
ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Сокини маҳаллаи Лангари шаҳри Норак Эраҷ Латипов ихтиёрӣ ба хизмати Ватан-Модар меравад
Дар Душанбе масъалаҳои рақамикунонии хизматрасонии давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт
Дар муассисаҳои тандурустии шаҳри Панҷакент доир ба чораҳои муқовимат ба коррупсия вохӯрӣ гузаронида шуд
Озмоишгоҳи миллии референсӣ ҳамчун Маркази миллии мубориза бар зидди зуком дар Тоҷикистон эътироф шуд
ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ. Сокинони деҳаи Шӯраки Истаравшан бо оби нӯшокӣ ва полезӣ таъмин мегарданд