Дар Душанбе маросими серфитикатсупорӣ ба 10 нафар шаҳрвандони маъюб доир гардид

Декабрь 1, 2020 10:38

ДУШАНБЕ, 01.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Корхонаи воҳиди давлатии  «Маркази таълимии шаҳри Душанбе»-и Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо иштироки  Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ширин Амонзода ва сардори  Намояндагии «ЮНИСЕФ» дар Тоҷикистон Осама Макави маросими серфитикатсупорӣ ба 10 нафар шаҳрвандони имконияташон маҳдуд ва осебпазир доир гардид. Ин нафарон аввалин маротиба курси омӯзиширо дар самти шуғли фосилавӣ, ки аз ҷониби вазорат дар ҳамкорӣ бо Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ташкил гардида буд, хатм намуданд.  Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади мусоидат ва татбиқи ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, аз ҷумла, ҳадафҳои марбут ба рушди неруи инсонӣ, роҳҳои тавонмандсозии ҷавонон тавассути таъмин бо ҷойҳои нави корӣ дар асоси омўзиши таҷрибаи намунавии ҷаҳонӣ дар ҳамкорӣ бо Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон моҳи марти соли равон «Модели шуғли фосилавӣ барои ҷавонони осебпазир» роҳандозӣ намуд.

«Модели шуғли фосилавӣ» озмоишӣ буда, барои ҷавонон ҳамчун шакли нави ташкили шуғл имкон медиҳад, ки вазифаҳои меҳнатии худро берун аз бинои истеҳсолии корфармо ба воситаи технологияҳои компютерӣ ва иттилоотӣ дар реҷаи воқеӣ, новобаста аз вақт, ҷои истиқомат ва кор амалӣ намоянд.

Ба роҳ мондани фаъолияти синфхонаи омӯзишии «Модели шуғли фосилавӣ»  барои ҷавонон-ин қадами нахустин дар баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ба қишри осебпазири ҷомеа буда, дар таҳким ва рушди фаъолияти минбаъда мусоидат менамояд ва ин раванд бахусус, дар давраи паҳншавии пандемияи COVID – 19 ба манфиати корфамоён ва аҳолии корҷӯй мебошад.

Тадқиқоти кишварҳои пешрафта, аз ҷумла, Федератсияи Россия, Беларусу  Қазоқистон нишон медиҳад, ки зимни омӯзиш дар марказҳои пилотии «Модели шуғли фосилавӣ»  дар се сол то 8120 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ соҳиби малакаи касбӣ мегарданд. Ин омор метавонад бо тавсеаи минбаъдаи корхона дар соли дуюм ду баробар афзоиш ёбад.

Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон ва бахши хусусӣ тасмим гирифтаанд, ки ташаббуси Маркази пилотии «Модели шуғли фосилавӣ»-ро барои ҷавонони осебпазир дар Тоҷикистон ба таври озмоишӣ марҳила ба марҳила ҷорӣ намоянд.

Декабрь 1, 2020 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид