Дар Душанбе масъалаи таҳкими ҳамкорӣ миёни Агентии назорати маводи нашъаовар ва Сафорати давлати Фаластин матраҳ гардид

Декабрь 2, 2020 09:11

ДУШАНБЕ, 02.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе масъалаи тақвияти ҳамкорӣ байни Агентии назорати маводи нашъаовар ва Сафорати  давлати  Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои минбаъда баррасӣ ва дар ин замина  пешниҳодҳо манзур гардиданд.

Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин масъала 1 декабр зимни мулоқоти Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Давлати Фаластин Луай Исса матраҳ шуд.

Зимни вохӯрӣ директори Агентӣ ба Сафир оид ба вазъи нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пурзӯр намудани назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ роҳандозӣ гардидаанд,  иттилоъ дода, меҳмонро бо мақсад, вазифа ва сохтори Агентӣ шинос намуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ Сафир таассуроташро аз вохӯрии мазкур дар дафтари ёддоштҳои Агентӣ қайд намуд.

Декабрь 2, 2020 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд