Дар Душанбе озмуни «Китобхони беҳтарин» ҷамъбаст гардид

Декабрь 28, 2020 14:50

ДУШАНБЕ, 28.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Озмуни «Китобхони беҳтарин»,  ки бо ташаббуси Раёсати  Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе миёни кормандони милитсияи пойтахт   доир шуд, ҷамъбаст гардид. Дар озмуни мазкур  ҷойи аввалро нозири гурӯҳи таҳлилии шуъбаи нозиротӣ-ташкилии РВКД дар шаҳри Душанбе Омина Қаландарзода, мақоми  дуввумро корманди ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе лейтенанти милитсия Маҳмаднабӣ Рустамов ва зинаи  сеюмро корманди котиботи Раёсат Бибимарям Ҳошимова ишғол намуданд. Ғолибон дар ҷаласаи тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти милитсияи пойтахт бо мукофотҳои пулӣ ва туҳфҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамзамон ба се нафар иштирокчии фаъоли озмуни мазкур Ифтихорномаҳои фахрӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Дар ин бора аз Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Озмуни мазкур дар ду давр гузашт. Даври якум дар байни кормандони шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва даври дуввуму ҷамъбастии он  дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо доварии муовини аввали сардори РВКД дар шаҳри Душанбе, полковники милитсия Ҳотамҷон Дадабойзода, директори институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Боймурод Шарифзода, корманди Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Акбар Ятимзода  бо иштироки 30 довталаб гузаронида шуд.

Зимни баргузории маросими ҷамъбастии озмуни «Китобхони беҳтарин» дар байни кормандони милитсияи пойтахт сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтинанти милитсияи Шариф Назарзода иброз дошт, ки  «Китобхонию китобдорӣ, мутолиаи асарҳои илмию бадеӣ ва омӯхтани илму дониш ҳамеша баҳри ғанигардонии тафаккуру ҷаҳонбинӣ ва пешбурди ҳаёти солим барои ҳар як инсон амали басо муҳим ба ҳисоб меравад.Озмуни мазкур бо мақсади ҷалби кормандони милиса ба китобхонӣ роҳандозӣ гардид».

«Иқдоми басо наҷибу саривақтии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати  баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои васеъ намудани ҷаҳонбинӣ, огоҳӣ аз таъриху тамаддун, дуруст ба роҳ мондани муоширату муносибати  аҳли ҷомеа, ки дар заминаи мутолиаи китоб ба даст меоянд, вокеан ҳам қобили таҳсину ҷонибдорист.

Мавриди зикр аст, ки кормандони мақомоти корҳои дохилии пойтахт низ дар баробари мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ аз мутолиа дур набуда, баҳри баланд бардоштани савияи илмиву маҳорати касбӣ доимо дар мутолиа мебошанд.

Файзалӣ НИЁЗ,
АМИТ «Ховар

Декабрь 28, 2020 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд