Дар Екатеринбург масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатиро аз Тоҷикистон ба вилояти Свердловск муҳокима намуданд
ДУШАНБЕ, 25.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷанбаҳои гуногуни масъалаи дар сатҳи баландтар танзим намудани раванди муҳоҷирати муташаккилонаи меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба вилояти Свердловск пас аз давраи Ковид ва дигар воҳидҳои маъмурии Федератсияи Россия, ки шомили ҳавзаи Консулгарии генералӣ мебошанд, 24 декабр дар мулоқоти Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург Зафар Сайидзода бо роҳбари зерсохтори Федератсияи муҳоҷирони Россия дар вилояти Свердловск Хушвахт Айдаров муҳокима шуданд.
Тавре аз Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни мулоқот зикр карда шуд, ки дар соҳаи ташкили муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба Россия чунин падидаи манфӣ, аз қабили миёнаравии тасодуфӣ ва ғайриқонунии шахсони бевиҷдон бояд зудтар решакан карда шавад.
Ба дипломати тоҷик якчанд таклифҳои консептуалӣ ва мушаххас барои омӯзиши пешакӣ ва минбаъд ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Тоҷикистон ва Россия расонидан пешниҳод карда шуданд.








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






