Дар Кӯлоб баҳри оммавӣ гардонидани варзиш боз як майдони муосири футбол ба истифода дода шуд

Декабрь 11, 2020 15:55

ДУШАНБЕ, 11.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Гултеппаи  ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб  майдони варзишӣ оид ба футболи хурд  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Зимни ифтитоҳи он  муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён, намояндагони шарикони рушд, мудири бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб Суҳроб Азимов  ва  дигар ниҳодҳои марбута  иштирок намуданд.  Дар ин бора мутахассиси пешбари бахши матбуотии шаҳри Кӯлоб Дилором Файзова ба АМИТ “Ховар” хабар дод.

“Дар Паёми навбати хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи амалӣ намудани ташаббусҳои созанда дастуру супориш доданд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи имкониятҳоро барои оммавигардонии варзиш, ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва рушди ин соҳа дар маҳал сафарбар бояд сохт. Маҳз бо ҳамин мақсад ҳамарӯза дар шаҳру деҳоти Кӯлоб корҳои созандагиву ободонӣ бомаром ҷараён доранд”,-афзуд номбурда.

Бояд гуфт, ки майдончаи варзишӣ бо саҳмгузории соҳибкорони ҳамин деҳа ва маблағгузории  шарикони рушд баҳри машқу тамрини сокинони деҳаи мазкур  сохта шудааст.  Минбаъд аҳолии деҳа  дар ин майдони варзишӣ   барои тамрини футбол ва машқи бадан баҳам меоянд.

Ҳамзамон дар майдони навбунёд мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд байни 6 дастаи деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Даҳана баргузор гардид ғолибон бо ҷом, медал, туҳфа ва ифтихорномаҳои созмондиҳандагони  чорабинӣ  сарфароз гардонида шуданд.

Декабрь 11, 2020 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд