Дар марказҳои «Парасту» ва «Меҳрон»-и Кӯлоб беш аз 90 нафар кӯдакони маъюб табобат ва тарбия мегиранд

Декабрь 3, 2020 11:46

КӮЛОБ, 03.12.2020 /АМИТ  «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон дар назди Иттиҳодияи ҷамъиятии «Заршедабону»-и шаҳри Кӯлоб ҷамъомади идона доир  гардид. Дар назди иттиҳодияи мазкур бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази будубоши рӯзонаи «Парасту» ва Маркази тавонбахшии «Меҳрон» фаъолият дошта, дар онҳо беш аз 90 нафар кӯдакони маъюб табобат ва тарбия мегиранд. Дар ин марказҳо барои табобату тавонбахшии кӯдакон тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шуда, кӯдаконро беҳтарин мутахассисон нигоҳубин мекунанд.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҳамоиши идона кӯдакони дорои имконияти маҳдуд  шеърҳо қироат карда, суруду рақсҳоро пешкаши ҳозирин гардониданд.  Инчунин дар ин рӯз маҳсули ҳунару тахайюли кӯдакон ба тамошо гузошта шуд. Кӯдакон бо кумаки мураббияҳо ҳар гуна бозичаҳо сохта, маҳсулоти чаканию гулдӯзии   омода карданд.

Дар назди Маркази тавонбахшии «Меҳрон» курсҳои омӯзишии дӯзандагӣ, компютерӣ ва пазандагӣ фаъолият доранд, ки кӯдакони дорои имконияти маҳдуд ба онҳо ҷалб шудаанд.

Зимни ҷамъомад ба ду нафар хатмкардагони ин курсҳо сертификат супорида шуд. Дар ҳамин рӯз ба чор нафар кӯдакони маъюб аз оилаҳои ниёзманд либосҳои зимистона тақдим шуданд.

Ёдовар мешавем, ки мувофиқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид аз соли 1992 инҷониб дар тамоми ҷаҳон ҳамасола 3 декабр Рӯзи байналмилалии маъюбон таҷлил карда мешавад.

Мақсад аз эълон доштани ин рӯз ва ба таври анъанавӣ ҷашн гирифтани он, пеш аз ҳама, ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷамъият, ташкилоту идораҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масъалаҳои маъюбӣ ва маъюбон, инчунин таъмини шароити арзандаи зиндагӣ барои онҳост.

Декабрь 3, 2020 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд