Дар марказҳои «Парасту» ва «Меҳрон»-и Кӯлоб беш аз 90 нафар кӯдакони маъюб табобат ва тарбия мегиранд

Декабрь 3, 2020 11:46

КӮЛОБ, 03.12.2020 /АМИТ  «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон дар назди Иттиҳодияи ҷамъиятии «Заршедабону»-и шаҳри Кӯлоб ҷамъомади идона доир  гардид. Дар назди иттиҳодияи мазкур бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази будубоши рӯзонаи «Парасту» ва Маркази тавонбахшии «Меҳрон» фаъолият дошта, дар онҳо беш аз 90 нафар кӯдакони маъюб табобат ва тарбия мегиранд. Дар ин марказҳо барои табобату тавонбахшии кӯдакон тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шуда, кӯдаконро беҳтарин мутахассисон нигоҳубин мекунанд.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҳамоиши идона кӯдакони дорои имконияти маҳдуд  шеърҳо қироат карда, суруду рақсҳоро пешкаши ҳозирин гардониданд.  Инчунин дар ин рӯз маҳсули ҳунару тахайюли кӯдакон ба тамошо гузошта шуд. Кӯдакон бо кумаки мураббияҳо ҳар гуна бозичаҳо сохта, маҳсулоти чаканию гулдӯзии   омода карданд.

Дар назди Маркази тавонбахшии «Меҳрон» курсҳои омӯзишии дӯзандагӣ, компютерӣ ва пазандагӣ фаъолият доранд, ки кӯдакони дорои имконияти маҳдуд ба онҳо ҷалб шудаанд.

Зимни ҷамъомад ба ду нафар хатмкардагони ин курсҳо сертификат супорида шуд. Дар ҳамин рӯз ба чор нафар кӯдакони маъюб аз оилаҳои ниёзманд либосҳои зимистона тақдим шуданд.

Ёдовар мешавем, ки мувофиқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид аз соли 1992 инҷониб дар тамоми ҷаҳон ҳамасола 3 декабр Рӯзи байналмилалии маъюбон таҷлил карда мешавад.

Мақсад аз эълон доштани ин рӯз ва ба таври анъанавӣ ҷашн гирифтани он, пеш аз ҳама, ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷамъият, ташкилоту идораҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масъалаҳои маъюбӣ ва маъюбон, инчунин таъмини шароити арзандаи зиндагӣ барои онҳост.

Декабрь 3, 2020 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

МАВСИМИ ЗУКОМ ОҒОЗ ШУД. Чӣ бояд кард, то гирифтори он нашавем?
Бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ доир мегардад
Вазъи шабакаи муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт
МУЪҶИЗАИ НУР ДАР ДИЛИ КӮҲ. Аъзои ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо фаъолияти сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос гардиданд
«БЕҲТАРИН ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ». Дар Ҳисор даври минтақавии озмун аз ҳисоби занҳо баргузор гардид
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар Душанбе бо мақсади тақвият додани масъулияти шаҳрвандӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи ҳабдаҳуми Шурои вазирони адлияи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи ҳабдаҳуми Шурои вазирони адлияи мамлакатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мешавад
ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон қабулгоҳи электронӣ фаъол гардид
ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Сокини маҳаллаи Лангари шаҳри Норак Эраҷ Латипов ихтиёрӣ ба хизмати Ватан-Модар меравад
Дар Душанбе масъалаҳои рақамикунонии хизматрасонии давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт
Дар муассисаҳои тандурустии шаҳри Панҷакент доир ба чораҳои муқовимат ба коррупсия вохӯрӣ гузаронида шуд