Дар минтақаи Кӯлоб давоми 11 моҳ дар масоҳати беш 11,5 миллион метри мураббаъ корҳои безараргардонӣ гузаронида шудаанд
КӮЛОБ, 20.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Давоми 11 моҳи соли 2020 кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидимиологӣ дар минтақаи Кӯлоб дар 4696 корхонаю ташкилот, манзилҳои истиқоматию хонаҳои баландошёна ва боғу гулгаштҳо дар масоҳати беш 11,5 миллион метри мураббаъ корҳои безараргардонӣ гузаронидаанд.
Тавре ба мухбири минтақавии АМИТ “Ховар” аз маркази мазкур иттилоъ доданд, дар ин давра дар 4922 иншоот санҷишҳо гузаронида, барои ба талаботи санитарию эпидимиологӣ ҷавобгӯ набудан фаъолияти 82 иншоот муваққатан боздошта шуда, ба маблағи 139 ҳазору 838 сомонӣ ҷаримабандӣ гардидаанд. Инчунин аз бозору марказҳои савдо 3 ҳазору 567 килограмм маҳсулоти хӯрокии пастсифат ва муҳлати истеъмолаш гузашта ба маблағи 21 ҳазору 422 сомонӣ аз муомилот гирифта шудааст.
Дар ин давра дар шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоб дар баробари гузаронидани санҷишҳои соҳавӣ кормандони марказҳои назорати давлатӣ дар ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳо бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо ҷалби марказҳои безараргардонӣ ва тропикӣ тавонистанд дар 4696 корхонаю ташкилот дар масоҳати 5 миллиону 286 ҳазору 316 метри мураббаъ корҳои безараргардонӣ гузаронанд. Дар манзилҳои истиқоматӣ, хонаҳои баландошёна ва боғу гулгаштҳо масоҳати 5 миллиону 199 ҳазору 640 метри мураббаъ безарар карда шудааст.
Корманди Маркази назорати давлатии санитарию эпидимиологии шаҳри Кӯлоб Қиёмиддин Розиқов иттилоъ дод, ки чорабиниҳои мақсадноки марказ дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳо дар пешгирӣ аз бемории сироятии КОВИД-19 ва дигар намуди бемориҳо мусоидат карда, аз муомилот 1541 килограмм маҳсулоти ширию гӯштӣ ва қаннодию обҳои ташнагишикани муҳлати истифодаашон гузашта ва пастсифат гирифта шудаанд.
Аз ҷониби кормандони Маркази мазкур дар шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоб чунин чорабиниҳо бо мақсади ҳифзи аҳолӣ дар оянда низ гузаронида мешаванд.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






