Дар ноҳияи Ашт аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ майдончаи варзишӣ бунёд гардид

Декабрь 1, 2020 10:03

ДУШАНБЕ, 01.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар деҳаи Сарои Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳия Ашт майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Ашт  ба шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» хабар доданд.  

Майдончаи варзишӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Маъруф Ҳоҷиматов бунёд карда шуда, масоҳати он 42 бар 22 метр аст ва барои бунёди он 400 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст.

Раиси ноҳияи Ашт иброз дошт, ки «ҳама гуна иқдому ташаббус ва таклифу пешниҳоди мардумро дар обод намудани як гӯшаи диёр дастгирӣ намуда, баҳри амалӣ намудани он шароити мусоид фароҳам меоварем.   Ба фаъолият шурӯъ намудани майдончаи  нав  имкон медиҳад, ки дӯстдорони варзиш минбаъд дар вақтҳои холӣ ба бозии футбол машғул шаванд. Аз тарафи дигар, майдончаҳо барои ривоҷи футбол ва таблиғи он миёни аҳолӣ мусоидат намуда, сафи дӯстдорони ин намуди варзишро афзун мегардонанд».

Ҳамзамон изҳори умедворӣ карда шуд, ки бунёди майдонҳои  футболи хурд дар   ноҳия Ашт дар тарғиби тарзи ҳаёти солим байни ҷавонону наврасон, ҷалби онҳо ба тарбияи ҷисмонӣ ва оммавӣ гардонидани варзиш мусоидат менамояд.

Декабрь 1, 2020 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд