Дар ноҳияи Ашт аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ майдончаи варзишӣ бунёд гардид
ДУШАНБЕ, 01.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Сарои Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳия Ашт майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Ашт ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Майдончаи варзишӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Маъруф Ҳоҷиматов бунёд карда шуда, масоҳати он 42 бар 22 метр аст ва барои бунёди он 400 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст.
Раиси ноҳияи Ашт иброз дошт, ки «ҳама гуна иқдому ташаббус ва таклифу пешниҳоди мардумро дар обод намудани як гӯшаи диёр дастгирӣ намуда, баҳри амалӣ намудани он шароити мусоид фароҳам меоварем. Ба фаъолият шурӯъ намудани майдончаи нав имкон медиҳад, ки дӯстдорони варзиш минбаъд дар вақтҳои холӣ ба бозии футбол машғул шаванд. Аз тарафи дигар, майдончаҳо барои ривоҷи футбол ва таблиғи он миёни аҳолӣ мусоидат намуда, сафи дӯстдорони ин намуди варзишро афзун мегардонанд».
Ҳамзамон изҳори умедворӣ карда шуд, ки бунёди майдонҳои футболи хурд дар ноҳия Ашт дар тарғиби тарзи ҳаёти солим байни ҷавонону наврасон, ҷалби онҳо ба тарбияи ҷисмонӣ ва оммавӣ гардонидани варзиш мусоидат менамояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






