Дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо мақсади огоҳ намудани шаҳрвандон аз мавҷи дуюми бемории COVID-19 ва чораҳои пешгирӣ аз паҳншавии он ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 02.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе имрӯз дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт оид ба пешгирӣ ва паҳншавии бемории COVID-19 ҳамоиш доир шуд. Дар он муовинони Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, Умед Гуреззода, директори Маркази санитариву эпидемиологии шаҳри Душанбе Абдухолиқ Амирзода, намояндаи раёсати Вазорати корҳои дохилӣ ва роҳбарони бозорҳои шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Мавсума Муинӣ иброз дошт, ки мақсад аз ҳамоиши имрӯза огоҳ намудани шаҳрвандон аз мавҷи дуюми бемории COVID-19 ва чораҳои пешгирӣ аз паҳншавии он мебошад.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ҳамчунин зикр дошт, ки “имрӯзҳо ҳарчанд сатҳи гирифторӣ ба бемории COVID-19 дар ҷумҳурӣ, алалхусус дар шаҳри Душанбе коҳиш ёфтааст, вале мо бояд фориғбол нагардем, балки қоидаҳо ва тавсияҳои Ситоди ҷумҳуриявиро пурра иҷро намоем”.
Директори Маркази санитариву эпидемиологии шаҳри Душанбе Абдухолиқ Амирзода гуфт, ки “имрӯз дар даромадгоҳҳои бозорҳо маводи антисептикӣ ва ниқобҳои тиббӣ гузошта шуда, масъулин зимни бе ниқоб ворид шудан ба бозор барои даромадан иҷозат намедиҳанд. Вақте дохили бозор мешавем, маьлум мешавад, ки дар дохил аксари мардум бе ниқобҳои тиббӣ ҳастанд. Мо набояд ниқобҳоро ба хотири намоиш истифода кунем. Ҳоло тибқи ташхисҳо ҳолатҳое вомехӯранд, ки ягон нишонаи беморӣ дар баьзе аз сокинон ба чашм намерасад ва онҳо аз саломатии худ низ ягон шикоят надоранд. Вале онҳо гирифтори COVID- 19 ҳастанду дар онҳо ягон аломат ба чашм намерасад. Ин нафарон метавонанд 5- 10 нафари дигарро сироят кунанд. Аз ин рӯ хуб мешуд ҳамаи мо барои пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ аз ниқобҳои тиббӣ истифода намоем”.
Дар ҳамоиш доир ба роҳҳои пешгирии мавҷи дуюми коронавируси нав сухан рафта, зикр шуд, ки бо назардошти авҷи марҳилаи дуюми ин беморӣ бояд ба корҳои пешгирикунанда вусъати бештар дода шавад. Ҷиҳати пешгирии бемории мазкур корҳои санитарӣ-эпидемикӣ бояд пурзӯр гардида, сокинон, аз ҷумла хонандагон ҳатман аз ниқоби муҳофизатӣ истифода намоянд. Зеро як омили пешгирикунандаи бемории COVID-19 риояи гигиенаи шахсӣ ва истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ мебошад.
Аз ин рӯ аз тамоми шаҳрвандони мамлакат хоҳиш карда шуд, ки қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятиро ба таври ҳатмӣ риоя карда, бе ниқобҳои муҳофизатӣ аз хона набароянд, дар нақлиёт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатман аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ истифода намуда, ба таври қатъӣ фосилаи байни ҳамдигарро ба андозаи аз якуним то ду метр нигоҳ доранд.
Мутаассифона, новобаста аз тадбирҳои андешидаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ва кормандони соҳаи тандурустӣ дар самти пешгирии бемории COVID-19 имрӯзҳо бархе аз шаҳрвандони мамлакат бар хилофи тавсияи мутахассисони соҳа ҷиҳати пешгирии ин беморӣ амал менамоянд. Хусусан имрӯзҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, кӯчаву хиёбонҳо, марказҳои хизматрасонӣ, дохили нақлиёти ҷамъиятӣ ва дигар ҷойҳои серодам шаҳрвандони зиёдеро вохӯрдан мумкин аст, ки ниқоби тиббӣ надоранд ва фосилаи иҷтимоиро риоя намекунанд, ки ин амали онҳо хилофи қоидаҳои пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 мебошад.













Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






