Дар Саридораи геологияи Тоҷикистон бахшида ба иди касбӣ ҷаласаи тантанавӣ доир гардид

Декабрь 9, 2020 15:16

ДУШАНБЕ, 09.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар  Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба иди касбии геологҳо, ки ҳамасола 9 декабр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад,  ҷаласаи тантанавӣ доир гардид. Дар ҷаласаи тантанавӣ кормандони Саридораи геология  ва роҳбарону кормандони воҳидҳои сохтории он иштирок доштанд.

Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ҷаласаро кушода, ҷӯяндагону кашшофони сарватҳои зеризаминиро бо иди касбӣ табрик намуд.

Мавсуф зикр кард, ки таҷлили  Рӯзи геологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таваҷҷуҳ ва ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳа гувоҳӣ медиҳад. Зеро маҳз бо пешниҳоди Пешвои миллат соли 2011 9 декабр Рӯзи  касбии геологҳо эълон карда шуд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди ин соҳаро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ муайян намуда, баҳри пешрафти он тамоми тадбирҳои зарурӣ меандешад. Геологҳо ҳамарӯза тамоми қувва, дониш ва таҷрибаву малакаи худро барои ҳарчи бештар кашф кардани захираҳои нави сарватҳои зеризаминӣ сарф намуда, дар рушди саноати кӯҳӣ саҳми назаррас мегузоранд.

Имрӯз давлати мо истеҳсолкунандаи тилло, нуқра, сурбу руҳ, сурмаву симоб, ангишт, нафту газ, намаки ошӣ, маводи аграриву сохтмонӣ, сангҳои қиматбаҳо ва дигар сарватҳои зеризаминӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода хизмати геологҳои мамлакат басе калон аст. Бо заҳмату меҳнати шабонарӯзии геологҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ истихроҷ ва коркарду истеҳсоли сарватҳои ҷавобгӯи талаботи бозорӣ ҷаҳонӣ ба роҳ монда шуданд.

Ҳиссаи сазовор гузоштан дар ҳадафи чоруми стратегии миллӣ – саноатикунонии мамлакат аз вазифаҳои асосии кормандони соҳа мебошад. Зеро бо ашёи хоми маҳаллӣ пурра таъмин кардани корхонаҳои саноатии кишвар яке аз самтҳои муҳими саноатикунонии босуръат ба ҳисоб меравад. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсоли сементи хушсифатро ба зиёда аз 2 млн. тонна расонид, ки дар ин самт заҳмати шабонарӯзии геологҳо низ калон аст.

Дар асоси вазифаҳои дар пеши соҳа гузоштаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди соҳаи геология дар давраи солҳои 2012-2020 ва «Барномаи давлатии омӯзиш ва арзёбии захираҳои металлҳои нодир барои солҳои 2016-2026» тасдиқ шудаанд.

Роҳбарияти Саридора барои амалӣ намудани бандҳои барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла  таҷҳизонидани соҳа бо дастгоҳҳо ва техникаҳои замонавӣ, инчунин тайёр кардани мутахассисони касбӣ тадбирҳои муҳим меандешад. Ҳадаф ва мароми Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани корҳои ҷустуҷӯию геологӣ, муайянсозии сарватҳои бойи зеризаминӣ, истифодаи самараноки техника ва технологияи муосир мебошад. Кормандони соҳа дар оянда низ анъанаҳои меҳнатии худро таҳким дода, бо амалӣ намудани барномаву нақшаҳои иқтисодӣ дар пешрафти ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд.

Дар фазои тантанавӣ кормандон ва собиқадорони соҳаи геология барои хизматҳои арзанда бо туҳфаҳои хотиравӣ, раҳматнома, сипоснома ва ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

Декабрь 9, 2020 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад