Дар Саридораи геологияи Тоҷикистон бахшида ба иди касбӣ ҷаласаи тантанавӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 09.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба иди касбии геологҳо, ки ҳамасола 9 декабр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, ҷаласаи тантанавӣ доир гардид. Дар ҷаласаи тантанавӣ кормандони Саридораи геология ва роҳбарону кормандони воҳидҳои сохтории он иштирок доштанд.
Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ҷаласаро кушода, ҷӯяндагону кашшофони сарватҳои зеризаминиро бо иди касбӣ табрик намуд.
Мавсуф зикр кард, ки таҷлили Рӯзи геологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таваҷҷуҳ ва ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳа гувоҳӣ медиҳад. Зеро маҳз бо пешниҳоди Пешвои миллат соли 2011 9 декабр Рӯзи касбии геологҳо эълон карда шуд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди ин соҳаро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ муайян намуда, баҳри пешрафти он тамоми тадбирҳои зарурӣ меандешад. Геологҳо ҳамарӯза тамоми қувва, дониш ва таҷрибаву малакаи худро барои ҳарчи бештар кашф кардани захираҳои нави сарватҳои зеризаминӣ сарф намуда, дар рушди саноати кӯҳӣ саҳми назаррас мегузоранд.
Имрӯз давлати мо истеҳсолкунандаи тилло, нуқра, сурбу руҳ, сурмаву симоб, ангишт, нафту газ, намаки ошӣ, маводи аграриву сохтмонӣ, сангҳои қиматбаҳо ва дигар сарватҳои зеризаминӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода хизмати геологҳои мамлакат басе калон аст. Бо заҳмату меҳнати шабонарӯзии геологҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ истихроҷ ва коркарду истеҳсоли сарватҳои ҷавобгӯи талаботи бозорӣ ҷаҳонӣ ба роҳ монда шуданд.
Ҳиссаи сазовор гузоштан дар ҳадафи чоруми стратегии миллӣ – саноатикунонии мамлакат аз вазифаҳои асосии кормандони соҳа мебошад. Зеро бо ашёи хоми маҳаллӣ пурра таъмин кардани корхонаҳои саноатии кишвар яке аз самтҳои муҳими саноатикунонии босуръат ба ҳисоб меравад. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсоли сементи хушсифатро ба зиёда аз 2 млн. тонна расонид, ки дар ин самт заҳмати шабонарӯзии геологҳо низ калон аст.
Дар асоси вазифаҳои дар пеши соҳа гузоштаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди соҳаи геология дар давраи солҳои 2012-2020 ва «Барномаи давлатии омӯзиш ва арзёбии захираҳои металлҳои нодир барои солҳои 2016-2026» тасдиқ шудаанд.
Роҳбарияти Саридора барои амалӣ намудани бандҳои барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла таҷҳизонидани соҳа бо дастгоҳҳо ва техникаҳои замонавӣ, инчунин тайёр кардани мутахассисони касбӣ тадбирҳои муҳим меандешад. Ҳадаф ва мароми Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани корҳои ҷустуҷӯию геологӣ, муайянсозии сарватҳои бойи зеризаминӣ, истифодаи самараноки техника ва технологияи муосир мебошад. Кормандони соҳа дар оянда низ анъанаҳои меҳнатии худро таҳким дода, бо амалӣ намудани барномаву нақшаҳои иқтисодӣ дар пешрафти ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд.
Дар фазои тантанавӣ кормандон ва собиқадорони соҳаи геология барои хизматҳои арзанда бо туҳфаҳои хотиравӣ, раҳматнома, сипоснома ва ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.








Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд






