Дар Тоҷикобод 30 нафар хонандагон аз оилаҳои камбизоат бо либоси зимистона таъмин гардиданд

Декабрь 31, 2020 09:58

 ТОҶИКОБОД, 31.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Соли нави мелодӣ аз тарафи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктрансгаз» дар якҷоягӣ бо  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ба 55 оилаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия кумакҳои моддӣ расонида шуд.

Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, ҳамчунин дар ин рӯзҳо аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Тоҷикистон»  ба як қатор кӯдакон аз оилаҳои камбизоати ҷамоати деҳоти Лангари шоҳ кумак расонида шуд. Аз ҷумла ба 200 нафар ниёзмандон маводи ғизо,  аз қабили орду равған, гӯшт, биринҷ, макарон, наск, нахӯд, лубиё ва ба 180 нафар 150 килограммӣ ангишт расонида шуд. Аз тарафи ин ташкилот 30 нафар хонандагони оилаҳои камбизоат аз синфи 1 то 4 бо либосҳои зимистонаи  мактабӣ таъмин гардиданд.

Хотиррасон мешавем, ки дастгирии ятимону бепарастдорон ва ниёзмандони ҷомеа дар меҳвари сиёсати инсонпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва дар арафаи ҷашну идҳо ба ин табақаи ҷомеа кумакҳои моддию пулӣ расонида мешавад.

Декабрь 31, 2020 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад