Дар Тоҷикобод 30 нафар хонандагон аз оилаҳои камбизоат бо либоси зимистона таъмин гардиданд
ТОҶИКОБОД, 31.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Соли нави мелодӣ аз тарафи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктрансгаз» дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ба 55 оилаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия кумакҳои моддӣ расонида шуд.
Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, ҳамчунин дар ин рӯзҳо аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Тоҷикистон» ба як қатор кӯдакон аз оилаҳои камбизоати ҷамоати деҳоти Лангари шоҳ кумак расонида шуд. Аз ҷумла ба 200 нафар ниёзмандон маводи ғизо, аз қабили орду равған, гӯшт, биринҷ, макарон, наск, нахӯд, лубиё ва ба 180 нафар 150 килограммӣ ангишт расонида шуд. Аз тарафи ин ташкилот 30 нафар хонандагони оилаҳои камбизоат аз синфи 1 то 4 бо либосҳои зимистонаи мактабӣ таъмин гардиданд.
Хотиррасон мешавем, ки дастгирии ятимону бепарастдорон ва ниёзмандони ҷомеа дар меҳвари сиёсати инсонпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва дар арафаи ҷашну идҳо ба ин табақаи ҷомеа кумакҳои моддию пулӣ расонида мешавад.








Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба хотири гиромидошти 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Шаҳринав ҳамоиши илмӣ доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи май дар пойтахти Тоҷикистон Фестивали об баргузор мешавад
Оид ба масъалаҳои мубрами филологияи Шарқ ва робитаҳои адабӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Каналҳои магистралии Вахш ва Шуробод ба таҷдиди куллӣ фаро гирифта шудаанд
Дар заминҳои назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Кӯшониён картошка кишт карда шудааст
Сулҳофар, тоҷикпарвар, ваҳдатгаро, ташаббускор, роҳкушо, нурофар, сипаҳсолор — ҳафт сифати барҷастаи роҳбарии Пешвои миллат
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст






