Дар Турсунзода 1 миллиону 957 ҳазор сомонӣ қарзи истифодаи нерӯи барқ пардохт гардид

Декабрь 30, 2020 10:34

ТУРСУНЗОДА, 30.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз  15 то 28 декабри соли равон дар шаҳри Турсунзода  1 миллиону 957 ҳазор сомонӣ қарзи истифодабарии барқро аз аҳолӣ ва корхонаҳои тиҷоратию истеҳсолӣ ҷамъоварӣ намуданд. Нисбат ба 36 нафар сокини шаҳр  барои ғайриқонунӣ истифодабарии қувваи барқ санадҳои қуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, онҳоро ба маблағи 25 ҳазору 515 сомонӣ ҷарима намуданд.

Мудири бахши нақлиёт ва коммуникатсияи шаҳри Турсунзода Шаҳбози Абдусаттор ба  хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  иброз дошт, ки дар ҳудуди шаҳри Турсунзода 57 адад коргоҳҳои нонпазӣ ва 9 адад ҳаммомҳои замонавӣ мавҷуд мебошанд, ки баҳри сарфакорона истифода бурдани неруи барқ бо ҳезум ва ангишт фаъолияти кориро ба роҳ монда, имрӯзҳо дар сатҳи олӣ ба сокинону меҳмонон ҳизмат мерасонанд. Айни замон дар ҳудуди шаҳр зиёда аз 100 нуқтаи фурӯши ангишт ва маводи сӯзишворӣ мавҷуд аст, ки шаҳрвандон сари вақт бо маводи сӯзишворӣ дастрасӣ пайдо карда метавонанд. Фаъолияти нуқтаҳои ангишту сӯзишворӣ дар сарфа намудани қувваи барқ таъсири калон дорад.

Таъкид менамоем, ки  дар асоси дастуру супоришҳои Президенти  мамлакат гурӯҳҳои корӣ дар шаҳри Турсунзода оид ба  истифодаи сарфакоронаву боинсофона ва ба таври қатъӣ пешгирӣ кардани исрофкорӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд, ки  натиҷаҳои хуб нишон дода истодаанд. Аз ҷумла,  дар ин муддат сокинони шаҳри Турсунзода 211 ҳазору 280  киловатт-соат қувваи барқро сарфа намудаанд.

Декабрь 30, 2020 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт»: «Сарфаҷӯӣ ва самаранок истифода бурдани неруи барқ масъулияти ҳар як истеъмолкунанда аст»!
Масъалаи пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баррасӣ гардид
11 НОЯБР-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ба ғанӣ гардидани буҷети хонавода мусоидат менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОК ВА МАҚСАДНОКИ БАРҚ. Сарфаи неруи барқ кори ҳамагон аст
САТҲИ ТАЛАФОТИ НЕРУИ БАРҚ НИГАРОНКУНАНДА АСТ. То соли 2027 дар Тоҷикистон низоми ягонаи биллингӣ таъсис меёбад
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Корманди Вазорати энергетика ва захираҳои об ин мавзуъро шарҳ дод
Истифодаи оқилонаи барқ қадами устувор барои рушди иқтисоди давлат аст
Гузариши «сабз» шарти асосии эҳёи иқтисодиёти Тоҷикистон ва устуворӣ ба тағйирёбии иқлим аст
ФАРҲАНГИ ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ. Асбоби электрикӣ дар реҷаи интизорӣ ҳам энергия истеъмол мекунад
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико дар соҳаи энергетика ва захираҳои об матраҳ гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҳисобкунаки интелектуалӣ насб мешавад
ТАВАҶҶУҲ! Дар ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» телефонҳои боварӣ ташкил карда шуданд