Ба Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ озмоишгоҳи муосири сайёр барои санҷиши фаврии сифати об тақдим гардид

Октябрь 22, 2026 15:15

ДУШАНБЕ, 22.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  озмоишгоҳи муосири сайёр барои санҷиши фаврии сифати об тақдим гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Озмоишгоҳи муосири сайёр  дар доираи «Лоиҳаи сармоягузорӣ ба бахши обтаъминкунӣ ва беҳдошти Тоҷикистон», ки бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ амалӣ мегардад, супорида шуд.

Гуфта шуд, ки татбиқи қисмати якуми «Лоиҳаи сармоягузорӣ ба бахши обтаъминкунӣ ва беҳдошти Тоҷикистон»-ро Гурӯҳи дохилиидоравии обтаъминкунӣ ва беҳдошти назди Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бар уҳда дорад.

Озмоишгоҳи сайёр бо таҷҳизоти муосир барои гузаронидани таҳлилҳои физикӣ, кимиёвӣ ва микробиологии об муҷаҳҳаз буда, ба мутахассисон имкон медиҳад, ки сифати обро бевосита дар маҳалҳо, аз ҷумла дар минтақаҳои дурдаст санҷанд.

Бартарии асосии он имкони анҷом додани санҷишҳо дар шароити саҳроӣ буда, зарурати интиқоли намунаҳои об ба озмоишгоҳҳои марказӣ коҳиш ёфта, муҳлати дастрас намудани натиҷаҳои таҳлил кӯтоҳ гардид.

Истифодаи озмоишгоҳи сайёр ба тақвияти мониторинги сифати оби нӯшокӣ, ошкор намудани номувофиқатӣ ба меъёрҳои муқарраргардида ва андешидани тадбирҳои саривақтӣ мусоидат мекунад. Бояд тазаккур дод, ки таъминоти аҳолӣ бо оби босифату бехатари нӯшокӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Тақвияти имконияти техникии назорати сифати об қадами муҳим дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ ва беҳтар намудани хизматрасониҳои обтаъминкунӣ мебошад.

  АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Октябрь 22, 2026 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт»: «Сарфаҷӯӣ ва самаранок истифода бурдани неруи барқ масъулияти ҳар як истеъмолкунанда аст»!
Масъалаи пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баррасӣ гардид
11 НОЯБР-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ба ғанӣ гардидани буҷети хонавода мусоидат менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОК ВА МАҚСАДНОКИ БАРҚ. Сарфаи неруи барқ кори ҳамагон аст
САТҲИ ТАЛАФОТИ НЕРУИ БАРҚ НИГАРОНКУНАНДА АСТ. То соли 2027 дар Тоҷикистон низоми ягонаи биллингӣ таъсис меёбад
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Корманди Вазорати энергетика ва захираҳои об ин мавзуъро шарҳ дод
Истифодаи оқилонаи барқ қадами устувор барои рушди иқтисоди давлат аст
Гузариши «сабз» шарти асосии эҳёи иқтисодиёти Тоҷикистон ва устуворӣ ба тағйирёбии иқлим аст
ФАРҲАНГИ ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ. Асбоби электрикӣ дар реҷаи интизорӣ ҳам энергия истеъмол мекунад
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико дар соҳаи энергетика ва захираҳои об матраҳ гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҳисобкунаки интелектуалӣ насб мешавад
ТАВАҶҶУҲ! Дар ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» телефонҳои боварӣ ташкил карда шуданд