ТУРСУНЗОДА, 21.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода бо ҷалби муовинони раиси шаҳр, мудирони бахшу шуъбаҳо, раисони ҷамоатҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ходимони дину раисони маҳаллаҳо 16 гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.
Корманди шабакаҳои барқи шаҳри Турсунзода Абубакр Абдураҳимов гуфт, ки ҳамаи кормандони шабакаҳои барқ ба 16 гурӯҳи кории мақомоти иҷроия аъзо мебошанд. Махсусан 90 нафар назоратчиёни шабакаҳои барқ ҳамарӯза дар байни аҳолӣ ба гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҷамъоварии маблағи истифодаи неруи барқ машғуланд.
Гурӯҳҳои корӣ дар байни аҳолӣ вобаста ба истифодаи сарафакоронаи барқ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии муштариён ҷиҳати пардохти саривақтии маблағи барқи истифодашуда, пешгирӣ намудани сарфаи зиёди барқ, истифодаи фурӯзонакҳои тафсону баландшиддат ва асбоби гармидиҳандаи ғайристандартӣ дар манзилҳои истиқомативу маҳаллаҳои аҳолинишин, муассисаву ташкилот ва корхонаву идораҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.
Котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов мегӯяд, ки “вобаста ба иҷро намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин фасли сармо бояд ҳар оила, ташкилоту муассиса ва корхонаву коргоҳҳо, сарфи назар аз шакли моликият, низоми истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва пешгирӣ кардани исрофкории онро риоя намоянд. Аз ин лиҳоз бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр нуқтаи фурӯши ангишт ва дигар маводи сӯзишворӣ ба роҳ монда шудааст”.
Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 декабри имсол зимни машварати корӣ дастур доданд, ки дар ҳар шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ оид ба ҷоннок кардани тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум барои истифодаи сарфакоронаву боинсофона ва мақсадноки неруи барқ ва ба таври қатъӣ пешгирӣ кардани исрофкорӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шаванд.