Дар Восеъ волонтёрон оид ба сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва пешгирии талафоти он корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд

Декабрь 19, 2020 09:44

ДУШАНБЕ, 19.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 20 нафар волонтёрон дар ноҳияи Восеъ миёни аҳолӣ   оид ба сарфакорона истифодабарии неруи барқ ва пешгирии  талафоти он, инчунин оид ба  роҳ надодан ба  паҳншавии бемории сироятии коронавирус, омодагӣ ба  ҷашни байналмилалии Наврӯз, аз ҷумла сабзгардонии макони зист,  вусъат додани корҳои ободонию сохтмонӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ  мебаранд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Карим Гулмуродзода бо фаъолони ноҳия  ҷиҳати расонидани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки 15 декабри соли 2020 дар машварати корӣ баён доштанд, вохӯрӣ анҷом дод.

Карим Гулмуродзода  аз масъулини ноҳия даъват ба амал овард, ки миёни аҳолӣ оид ба масъалаҳои зикршуда корҳои фаҳмондадиҳиро  тақвият бахшанд.

«Агар волонтёрон дар кӯчаву маҳаллаҳо ва деҳаҳои  ноҳия  аз рӯи усули “хона ба хона”  бо риояи фосилавӣ бо шаҳрвандон суҳбат ороста, моҳияти аслии масъалаҳои зикршударо фаҳмонанд ва ба суолҳои сокинон дар ин маврид посухҳои саҳеҳ диҳанд, он гоҳ ин амал  натиҷаи муфид хоҳад дод »,- тавсия дод номбурда.

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз 10 декабр Ситоди ягонаи ҷумҳуриявӣ вобаста ба гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҳар шаҳру ноҳия, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва ошкор намудани ҳолатҳои тасарруфи ғайриқонунии неруи барқ  фаъолияти худро дар миқёси ҷумҳурӣ оғоз намуд.

Дар асоси дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон  Раҳимзода 9 декабр ҷаласаи селектории якҷояи намояндагони сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин намояндагони Вазорати энергетика ва ШСХК «Барқи Тоҷик» доир гардид.

Зимни ҷаласа ҷиҳати аз 10 декабр бардоштани маҳдудияти истифодаи неруи барқ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва сарфакорона истифода намудани қувваи барқ аз ҷониби шаҳрвандон дар давраи зимистон ибрози назар карда шуд.

Дар ҷаласа аз ҷониби намояндагони тамоми сохторҳои иштирокдор Ситоди ягонаи ҷумҳуриявӣ созмон ёфт.

Декабрь 19, 2020 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад