Дар вуҷуди ҳомилони бе аломати коронавируси COVID-19 аксуламали қавии эминӣ ошкор шудааст
ДУШАНБЕ, 02.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аксуламали эминии шахсоне, ки бемории коронавирусро бе нишона гузаронидаанд, дар муқобили ин сироят олимонро дар бунбаст гузоштааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ToDay News Ufa иттилоъ медиҳад, таҳқиқотро биологҳои молекулавии аврупоӣ ва сингапурӣ гузаронидаанд. Беморони бе нишонаи ин сироят зидди пайдоиши сафедаҳои коронавирус аксуламали хеле қавии эминӣ, на заъиф тавре қаблан пешбинӣ мешуд, зоҳир намудаанд.
Дар ҷараёни таҳқиқот хуни 500 муҳоҷири сингапурии мубталои коронавирус омӯхта шуд. Таъсири мутақобилаи Т — ҳуҷайраҳои хуни онҳо бо пардаи сафедаи вирус омӯхта шуд.
Т-ҳуҷайраҳои одамоне, ки бемории коронавируси COVID-19 -ро бидуни нишона гузаронидаанд, дар муқоиса бо эминии онҳое, ки ин бемориро ба сахтӣ гузаронидаанд, нисбат ба вирус фаъолонатар вокуниш нишон додаанд. Дар бадани онҳо бисёр молекулаҳои интерферон-гамма коркард шудааст.
Ҳамин аст шарҳи набудани нишонаҳо дар беморони бидуни аломат, ки бо аксуламали сахти бадан ба воридшавии вирус ба организм вобаста мебошад.
АКС аз бойгонӣ








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






