Дар Ёвон ба 40 нафар ятимони кул кумак расониданд

Декабрь 31, 2020 09:10

ЁВОН, 31.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Соли нави мелодӣ ба 40 нафар ятимони кул,  ба ҳар як нафар ба маблағи  500 сомонӣ кумак намуданд. Ҳамчунин барои  бошандагони  Маркази иҷтимоии рӯзонаи «Умед», Хонаи пиронсолон ва маъюбони ноҳия ва  сарбозони Қисми низомӣ дастурхони  идона оростанд ва ба ҳар нафари онҳо туҳфаҳои идона тақдим карда шуд.

Тибқи иттилои масъулини шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳия дар ҳудуди ноҳияи Ёвон, дар доираи ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода ва раиси ноҳия Ҷамшед Саидзода модарони маъюбу собиқадор  Зиёда Сафарова ва Нигина Ҳусейноваро хабар гирифта,  ба онҳо кумакҳои моддию пулӣ расониданд.

Дар ноҳияи Ёвон аз ҷониби соҳибкорону саховатмандони маҳаллӣ  дар ҳамаи ҷамоатҳои  шаҳраку деҳоти ноҳия ба ниёзмандону бепарастдорон расонидани  чунин кумакҳо идома дорад.

Декабрь 31, 2020 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад