ДАРАХТ БИНШОН! Бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат 5800 бех ниҳол шинонида шуд
ВАҲДАТ, 10.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат бахшида ба 26-солагии таъсиси ҲХДТ таҳти унвони «Ватан, ҳар гӯшаатро сабз хоҳем кард!» аксияи ниҳолшинонӣ баргузор шуд. Дар он аъзои фаъоли ҳизб аз ҳар ташкилоту муассиса дар талу теппаҳои шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат зиёда аз 5800 бех дарахтони ороишию ҳамешасабзро бо меҳри ватандӯстона шинониданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат Руқия Раҳматзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки созандагию бунёдкорӣ вазифаи мо, ҳизбиён мебошад.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар аксияи ниҳолшинонӣ кормандони 11 ҷамоати шаҳраку деҳот, муассисаҳои касбӣ, соҳаи маориф, тандурустӣ, фаъолони ҳизб, собиқадорон, соҳаи кишоварзӣ ва хизматчиёни давлатӣ фаъолона ширкат намуда, талу теппаҳои шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдатро бо ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ оро доданд.
Ин амали сокинони шаҳри Ваҳдат идома ёфта, дар назар аст то охири мавсим дарахтони зиёд шинонида шуда, ба ин восита ҳама минтақаҳои мамлакат сарсабзу хуррам гарданд.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд






