ДУШАНБЕ-ШАҲРИ САБЗ. Кормандони Вазорати нақлиёт бо дастгирӣ аз ин ташаббус 1000 бех ниҳол шинонданд

Декабрь 18, 2020 15:40

ДУШАНБЕ,18.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати кормандони Вазорати нақлиёт ва корхонаву муассисаҳои зерсохтори он бо роҳбарии Вазири нақлиёт Азим Иброҳим дар шафати роҳи мошингарди Душанбе – Ваҳдат, дар кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур 1000 бех ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ шинонданд. Ин иқдом дар доираи дастгирии пешниҳоди Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи ба «Шаҳри сабз» табдил додани пойтахти мамлакат  роҳандозӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати  нақлиёти мамлакат иттилоъ доданд.

Вазири нақлиёт ҳамчунин ба ҳамаи корхонаҳои маҷмааи нақлиёту роҳ дастур дод, ки дар амалӣ намудани иқдоми Пешвои миллат барои ободониву хуррамгардонии мамлакат дар иртибот ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм гузоранд ва ободониро аз коргоҳу муассисаҳои хеш оғоз намоянд.

Декабрь 18, 2020 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳрҳои Ваҳдат ва Роғун бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи Бохтар — Душанбе ниҳолҳои дарахтони сӯзанбарг, бодом ва писта шинонида шуд
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
Дар вилояти Хатлон 270 ҳолати ғайриқонунӣ буридани дарахту буттаҳо ошкор гардид
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
ДАРАХТ БИНШОН! Даҳаи охири моҳи ноябр маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз мегардад
Ҳикматулло Назиров: «Ниҳолшинонӣ бояд аз рӯи қоидаҳои боғдорӣ амалӣ гардад»
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар ниҳолхонаҳо зиёда аз 120 ҳазор ниҳоли павловния парвариш меёбад
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар пойтахт боғи нави фарҳангӣ-фароғатӣ бунёд карда мешавад
Ба дарахтони ҳамешасабзи шафати роҳи байналмилалии Бохтар, Хуросон ва Душанбе об доданд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Тоҷикистон дар 78 гектар плантатсияҳои павловния бунёд гардидаанд