«КИШВАРИ САБЗ». Дар Тоҷикистон дар 78 гектар плантатсияҳои павловния бунёд гардидаанд
ДУШАНБЕ, 15.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар самти парвариши дарахти павловния қадамҳои устувор гузошта, дар доираи татбиқи «Барномаи рушди парвариши павловния дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» дар мамлакат дар 78 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ муовини Директори хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Шарифзода ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» посух дод.
Ҳадафи қабули Барномаи рушди парвариши павловния
Давлаталӣ Шарифзода афзуд, ки ҳадафи таҳия ва қабули «Барномаи рушди парвариши павлония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» бунёди 200 гектар плантатсияҳои дарахти павлония, кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ ва истеҳсоли чӯби босифат мебошад. Барнома барои расидан ба ҳадафҳое, ки дар «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то давраи соли 2020-2030», «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» ва «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026» дарҷ гардидаанд, инчунин ба паст намудани сатҳи вобастагӣ ба масолеҳи сохтмонии воридотӣ мусоидат менамояд.
Қобилияти барқароршавии павловния
Бояд тазаккур дод, ки павловния дарахти зудиафзоишёбанда буда, дар муддати 7-8 сол ҳаҷми чӯби он то ба 1 метри мураббаъ мерасад. Яке аз хусусиятҳои беназири он қобилияти барқароршавӣ аз реша –бе азнавшинонидани ниҳол мебошад, ки хароҷотро ба маротиб коҳиш медиҳад. Инчунин ҳар дарахт метавонад то 22 кг гази карбонро фурӯ бурда, 6 кг оксиген хориҷ кунад.
Дар доираи барнома дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ва Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бунёди плантатсияҳои дарахти павловния ба нақша гирифта шудааст. Чӯби павловния барои саноати мебелсозӣ, сохтмон ва ҳамчун маводи сӯхт аҳамияти калон дорад. Барнома на танҳо ба ҳифзи муҳити зист, балки ба рушди иқтисодиёти кишвар ва таъсиси ҷойи нави кор мусоидат менамояд.
Парвариши беш аз 200 ҳазор бех ниҳоли павловния
Роҳбарияти Агентии хоҷагии ҷангали мамлакат гуфт, ки тибқи барнома парвариши ниҳолҳои павловния дар ҷумҳурӣ то 100 ҳазор бех дар як сол дар назар дошта шудааст. Дар айни замон дар корхонаҳои воҳиди давлатии хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ ва ниҳолхонаҳои хурди назди муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангали низоми Агентии хоҷагии ҷангал беш аз 200 ҳазор бех ниҳоли дарахти павловния парвариш мегардад.
Дар маҷмуъ «Барномаи рушди парвариши павлония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» бо мақсади бунёди плантатсияҳои саноатӣ аз павловния барои таъмини чӯби корӣ, захираи хӯроки чорво, зиёд намудани истеҳсоли асали молӣ, аз бодлесӣ нигоҳ доштани заминҳои кишоварзӣ ва дар ин раванд саҳм гузоштан барои беҳтар намудани шароити экологии ҷумҳурӣ таҳия шудааст. Бунёди плантатсияҳои саноатӣ аз павловния, истифодаи он дар ташкили минтақаҳои сабз ва боғҳо ба коҳиш ёфтани сатҳи партовҳои газҳои гулхонаӣ ба атмосфера, пешгирии гармшавии иқлим ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии он, инчунин ташкили ҷойи нави кор мусоидат менамояд.
Павлония офтобпараст буда, рӯшноиро дӯст медорад
Ба андешаи мутахассисон, павловния- намуди растанӣ аз оилаи павловниягиҳое мебошад, ки зиёда аз 20 намуди хосро дар бар мегиранд ва бо як номи умумӣ- павловния шинохта шудаанд. Павловния дарахти дорои баргҳои калони зебо -қутрашон 70 см, қутри гулҳояш 6 см ва чатри зебо мебошад. Қутри танаи он то 1 метр ғафсӣ дорад. Вобаста ба шароити сабзиш дарахтони павловния баландиҳои гуногун дошта, то 30 метр қад доранд. Ба шароити хок серталаб нестанд, ҳатто дар заминҳои хушк, ки гаҷнокии онҳо то 2 фоизро ташкил медиҳад, мерӯянд, аммо дар хокҳои умқи намнокиашон муътадил ва ҳосилнокиашон баланд сабзиши нағз доранд. Рӯшноиро дӯст медоранд ва дар қитъаҳои кушоди замини офтобрас мерӯянд.
Павловния дарахти дарозумр аст
Павловния хусусияти худбарқароршавӣ дошта, шинонидани дубораро талаб наменамояд. Он баъди ҳар буридан аз ҳисоби қисми решаи боқимонда мерӯяд. Давомнокии умри решаҳои он 70-100 солро дар бар мегирад, ки метавонад дар байни 4 ва ё 8-9 давраи ҳаштсола истифода шавад. Ин имкон медиҳад, ки раванди корҳои парвариши павловния бе хароҷоти аз нав шинонидани ниҳол ва коркарди замин дубора давом дода шавад. Танаи павловнияро тамоми сол, новобаста аз фасли он ва муҳлати ҷамъоварӣ буридан мумкин аст, ки дар дигар намуди дарахтон ин ҳолат дида намешавад.
20 фоиз протеини таркиби баргҳои сабзи павловния
Махсусияти дигари павловния дар солҳои аввали парвариш- ин баргҳои калони он мебошад, ки қутрашон ба 70-85 см мерасад ва барои хӯроки чорво истифода мешаванд. Ғизонокии он қариб ба юнучқа баробар аст. Он дар таркиби худ ҳангоми сабз будани баргҳо 20 фоиз протеин ва дар тирамоҳ баъди хазонрез гаштани баргҳо 12 фоиз протеин дорад. Аз ҳама фоизи зиёди протеин дар ниҳоли яксола мавҷуд мебошад. Агар ҳангоми бунёди плантатсияи павловния мақсади асосӣ тайёр намудани хӯроки чорво бошад, дар ҳолати риояи агротехникаи парвариш давоми 1 сол аз 1 гектар аз 35 то 40 тонна хӯроки серғизои чорво тайёр намудан имкон дорад.
Павлония дар баҳор гул мекунад
Гулкунин павловния фасли баҳор шуруъ гардида, гулҳояш калон, бо ранги осмонӣ, гулобӣ ва ё сафед буда, гулкунии он 6-8 ҳафта давом менамояд. Баргҳои азим ва чатри калон дар ҷойҳои истироҳатӣ- боғҳо ва гулгаштҳо сояи ғафсу зич ба миён меоранд, ки ба ташкили қитъаҳои салқини муътадил дар шароити иқлими гарм дар маркази шаҳрҳои ҳавояшон газнок ва буғикунанда мусоидат менамоянд. Бо назардошти ин хусусият онро барои сабзазоркунии шафати шоҳроҳҳо, шаҳрҳо ва ҳудуди боғҳо васеъ истифода менамоянд.
Павловния ҳавои атмосфераро тоза мекунад
Павловния хусусияти ултроафзоишӣ дошта, давоми 7-8 сол ҳаҷми афзоиши он ба 1 метри кубӣ мерасад, ки бо дигар намуди дарахтон муқоисанашаванда мебошад. Дарахти павловния бо афзоиши тези худ боигарии инсоният мебошад. Хокро солим ва аз эрозия барқарор намуда, ба кам шудани газҳои гулхонаӣ ва тозагии ҳавои атмосфера мусоидат менамояд. Як дарахти он метавонад 22 кг гази карбонро фурӯ бурда, 6 кг оксиген хориҷ намояд. Майдони 10 гектар павловниязор метавонад дар як сол то 275 тонна гази карбонат (CO2)-ро аз худ намуда, то 330 тонна гази оксиген хориҷ намояд, инчунин метавонад то 1000 тонна хокро аз шусташавӣ нигоҳ дорад ва то 25 ҳазор метри мураббаъ обро тоза намояд.
Аз 1 гектар павловниязор — то 800 кг асали молӣ
Гулҳои дарахти павловния накҳати хушбӯйи қавӣ дошта, беҳтарин шаҳд барои истеҳсоли асали молӣ мебошанд. Аз 1 гектар павловниязор то 800 кг асали молӣ ва аз ин бештар гирифтан мумкин аст. Дар парвариши павловния аз заҳрхимикатҳо тамоман истифода бурда намешавад.
Чӯби павловния — маҳсулот барои сохтмони хона
Чӯби дарахти павловния аз лиҳози экологӣ тоза буда, ба оташ ва намӣ тобовар, сабук ва ба ҳашароти зараррасон устувор аст. Чӯбаш мулоим, вале беҳад ба қаткунӣ ва тобдиҳӣ устувор буда, маҳсулоти аз чӯби павловния тайёршуда шакли худро аз таъсири муҳит дигар намесозад. Чӯби павловнияро барои сохтмони хона истифода мебаранд. Бартарияш дар он аст, ки зуд хушк мешавад, шакли худро дигар намекунад ва қавӣ буда, ба осонӣ намешиканад, аз ин рӯ онро дар ҷевонсозӣ истифода мебаранд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар остонаи ҷаласаи 45-уми Шурои Фонди иқлими сабз дар Душанбе ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ бунёди 5 гектар боғи павловния ба нақша гирифта шудааст
Дар ниҳолхонаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Турсунзода беш аз 12 ҳазор бех ниҳоли гуногун парвариш меёбад
Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»






